arzon replenishment
Тушбераи картошкагӣ
27.10.2024
ОИЛА.ТҶ
378

Маҳсулоти лозима:

320 грамм орд, 200 мл оби ҷӯшида, 0,5 қошуқча намак, 2 қошуқ равғани растанӣ. Барои қима: 4 картошка, кабудӣ, равғани растанӣ.

Тарзи таҳия:

Аз орду намак ва равғани растаниву оби ҷӯшида хамир омода созед. Картошкаро пӯст карда, дар оби намакдошта пазед ва бо иловаи намаку мурч онро майда кунед. Пиёзро дар равғани растанӣ бирён карда, ба картошкаи куфта илова кунед. Хамирро тунук карда, аз он бо истакон даврача бурида, ба даруни ҳар кадомаш 1 қошуқча қима гузореду канори зуволачаро маҳкам кунед. Тушбераро дар оби ҷӯшидаистода 3 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД