Sebiston new 2024 october
ТУРСУНЗОДА: ПАДАР ПИСАРРО КОРД ЗАД!
5621


Ин чи шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Ҳеҷ раҳме на бародар ба бародар дорад,
Ҳеҷ шафқат на падарро ба писар мебинам.
Ҳофизи Шерозӣ

Падарро сутуни хонадону қиблагоҳи фарзандон мехонанд, вале солҳои охир меҳру муҳаббат дар ҷомеаи мо ба андозае завол ёфтааст, ки дигар ҳатто падар ҳам ба писари худ заррае раҳму шафқат надорад. Ҳодисаи хунине, ки дар шаҳри Турсунзода ба вуқуъ пайваст, далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати умури дохилаи кишвар аз сар задани боз як рӯйдоди нохуш хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҳодиса санаи 2-июл дар шаҳри Турсунзода ба вуқуъ пайваста, байни як марди 63-солаи сокини ҳамин шаҳр ва писари 30-солааш муноқиша ба амал омадааст. Дар ҷараёни ин ҷанҷоли хонаводагӣ падар писарро корд мезанад. Ҷавон бо захмҳои хуншор дар бемористон бистарӣ шуда, тафтишоти ҷузъиёти дигари ин ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД