formula
ТУРСУНЗОДА: АЪЗАМҶОНИ 16-СОЛА ЗЕРИ ТИКО МОНД.
2075

 

Баъзан вақт бехтарии ҳаракат дар роҳ риоя нашуда, аз рӯи бемасъулиятии ронандагон ва пиёдагардон нафарҳои зиёде ба ҳалокат мерасанд. Ҳаракат дар роҳ аз мо ҳушёрӣ ва эҳтиёткор буданро тақозо мекунад.

Рӯзи 24-уми сентябри соли 2021 тахминан соатҳои 16:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “ТИКО” Каримов Хуршед Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Турсунзода,ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ҳамин шаҳр аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ноболиғ Қаюмов Аъзамҷон Умарович, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст-хабар медиҳад Сомонаи ВКД.

Ноболиғи 16 сола бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда таҳқиқот идома дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД