Sebiston new 2024 october
ТУРО БЕ АҶАЛ МЕКУШАМ, БИБӢ! (ҚИСМИ 2)
3248


ИДОМААШ...

Ҷавонзани ҳамсояамон, ки шавҳараш ҳарбӣ буд ва ба мо кӯмак мерасонд, ба Русия кӯчида рафт. Зиндагиамон торафт душвортар мегашт. Аз гушнагӣ Озода лоғару худам дардманд гаштам. Торафт табоҳтар гаштани ҳолати маро дида, Озода худаш таклиф намуд, ки розигии ӯро ба ҳамсояамон расонам. Духтараки бечораи бетақдирам! Ҳазор лаънат ба онҳое, ки оташи ҷангро бар сари халқи мо афрӯхта, моро ба чунин аҳвол расонданд!

Ҳаким маъракачаи хурдакаке ороста Озодаи нозанини маро ба никоҳи худ даровард. Арӯсу домод дар хонаи ман зиндагонӣ мекарданд. Домод рӯзҳои аввал хушмуомила буд, хӯрока меовард, лекин ин дер давом накард. Рӯз ба рӯз дағалтар шуда, Озодаро озор медод. Духтарам ба тақдираш тан дода, ба ҳамааш тоқат мекард, вале ман ҳис менамудам, ки ӯ чи қадар азоб мекашад. Оре, дили модар ҳамеша ҳама ранҷи фарзандашро ҳис мекунад…

Ҷанги бародаркушӣ ҳам ба анҷом расид. Ҳаким нашъаманд шуда, акнун шабҳо ба хона намеомад. Озода ҳомиладор буд, вақте ки шавҳараш тамоман бедарак гашт, дар мактаб ҳамчун фаррош ба кор даромадам, то як бурда нон ёфта Озодаро, ки тамоман лоғару беқувват шуда буд, нигоҳубин намоям. Аз Худо фақат як чизро талабгор будам, ки духтаракам Озодаҷон соқу саломат таваллуд кунад. Ниҳоят ӯро дарди зодан гирифт. Духтарамро ба таваллудхона бурдам, аммо ҷонашро харида натавонистам. Озодаи нокоми ман писарчаашро ба дунё оварда, худаш сари фарзанд рафт. «Оҳ Худоҷонам, чи балою мусибатҳоеро бар сари мо овардӣ, Озодаамро аз даст додам, акнун мани сарсахт чӣ кор мекунам. Худоҷон, мадад намо, илтиҷо менамоям, ба ман қувват бахш, то наберачаамро ба воя расонам»- гӯён, зор-зор нола мекардам. Ҳамаи ҳамсояҳо ба ман кӯмак мерасониданд, яке бо пӯшока, дигаре бо хӯрока, сеюмин бо маблағ. Набераамро Манучеҳр ном гузоштам. Озодаи худораҳматӣ ҳанӯз вақти ҳомиладориаш мегуфт, ки агар писарча таваллуд кунад, Манучеҳр ном мегузорад ва ман ин васияти ӯро иҷро намудам, то руҳаш шод бошад. Манучеҳр тез-тез бемор мешуд. Рӯзе духтури минтақавиамон забон хоида гуфт: «Холаҷон, малол нашавед, ман сабаби тез-тез бемор шудани набераатонро фаҳмидам, Манучеҳр гирифтори бемории норасогии масунияи бадан аст. Сабаби фавти модараш низ аз ҳамин беморӣ мебошад. Духтаратон Озода, руҳаш шод бошад, аз шавҳари нашъамандаш сироят ёфта будааст. Мо домодатонро ҷустуҷӯ намудем, вале ӯ ба Русия фирор кардааст…»

Солҳо мегузаштанд. Манучеҳр калонак шуда аллакай мактабхон буд. Рӯзе марди ношиносе ба суроғи мо омада, хабари зинда будани падари Манучеҳрро расонид. Хатчаеро ба дастам дод. Дар он суроғаи табобатгоҳе, ки падари Манучеҳр бистарӣ будааст, навишта шуда буд. Хоҳиш намуд, ки иҷозат диҳам ақаллан як маротиба Манучеҳрро ба назди падараш барад, чунки Ҳаким дар дами марг аст ва мехоҳад як назар бошад ҳам, писарашро бубинад. Розӣ нашудам. Набераам чанд рӯз ғамгину хотирпарешон гашта, гаштаву баргашта аз ман рақами телефони он мардро пурсон мешуд, вале надодам, аммо…

Пиразан нақлашро ба итмом расонида, аз ман хоҳиш кард, ки рафта қуттичаи болои ҷевонро биёрам, дар даруни он бояд ҳамон мактубча бо рақами телефони он мард бошад. Қуттичаро овардам, лекин дар дарунаш на мактубчае буд, на рақами телефон. Пиразан оҳи сарде кашида дубора ба бистараш даромад. Ман ҳар рӯз аз аҳволи ӯ хабар мегирифтам, кампир торафт беҳолу бемадор мегашт. Иштиҳояш баста буд, ҳатто чой ҳам аз гулӯяш намегузашт. Набераи бераҳмаш дар дами пирию беморӣ ӯро танҳо партофта ғайб зада буд. Ман аз модарам иҷозат гирифта шабона дар хонаи пиразан мехуфтам ва парасторӣ менамудам. Марг ӯро думболгир намуда, оқибат риштаи умрашро бурид. Набераи бо хуни ҷигар парвардаашро надидаю васияту ҳасрат накарда аз олам ормонӣ рафт ин зани бетақдир. Пиразанро ҳамсояҳо гӯру чӯб намуданд. Манучеҳр то ҳол аз марги модаркалонаш хабар надорад. Ҳеҷ кас суроғаи ӯро намедонад. Манучеҳр, дар куҷоӣ? Чӣ ҳол дорӣ? Биёву дар сари гӯри бибиат фотиҳа хон, то руҳаш ором бигирад!

АНҶОМ!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД