arzon replenishment
ТУРО БЕ АҶАЛ МЕКУШАМ, БИБӢ!
4440

 

 

-Зиндагӣ ба дарёе монанд аст, ки гоҳе пуртуғён асту гоҳе ором. Одамизодро беҳуда ҷонсахт намегуфтаанд, ба ҳама пастию баландиҳои рӯзгор тоқат карда, тамоми мушкилиҳоро паси сар менамудааст фарзанди инсон,-кампирак инро гуфта, бо лаби қарси сафедаш оби чашмашро пок намуд ва ба нақли қиссаи пурғуссаи ҳаёташ сар кард:

-Ману шавҳарам зиндагии осоишта доштему оилаи хушбахт будем. Шавҳарам дар мактаб муаллими фанни физика буд ва духтари яккаву ягонаамон Озодаро аз ҷонаш бештар дӯст медошт. Озода духтараки чусту чолоке буд, аз уҳдаи ҳама корҳои хона мебаромад. Дар пухтупаз ҳамто надошт, бар замми ҳунармандияш Худованд ба ӯ ҳусну ҷамоли зебо бахшида буд, аз ҳамин сабаб шиносу ношинос ӯро дидан замон, ҳаваси келин карданашро мекарданд. Шавҳарам хостгоронро навмед гусел карда: «Озодаи ман бояд табиб шавад, ман ӯро худам ба Донишгоҳи тиббӣ мебарам…» мегуфт. Орзуву ҳавасҳои шавҳарамро шунида хурсанд мешудам ва шукри Худо менамудам, ки Худованд маро бо чунин марди меҳрубону ҳалим ва фарзанддӯст ҳамтақдир гардонидааст, вале… Ҷанги бародаркушӣ сар шуду орзуву ҳавасҳоямон дар ормон монд. Мардум гуруснагӣ мекашиданд. Дар як рӯз танҳо як маротиба мошини боркаш нон (хлеб) меоварду халос. Ҳама мехостанд, ақаллан ду дона хлеб дастрас намоянд, лекин дар як мижа задан мошин холӣ мешуд. Шавҳарам баъзан ду – се рӯз нон гирифта натавониста руҳан азоб мекашид. Рӯзе сари субҳ бо умеди дарёфти нон озими маркази шаҳр шуд. Дилам хавотир буд, пеши роҳашро гирифтам, лекин бо ваъдаи он ки то нисфирӯзӣ бар мегардад, маро таскин дода баромада рафт. Он рӯзи наҳс то торик шудан ӯро интизор шудам, наомад. Мижа таҳ накарда шабро рӯз намудаму субҳи солеҳон ба ҷустуҷӯяш баромадам. Ба духтарам Озода гуфтам, ки то омадани ман дар хонаи ҳамсояамон бишинад. Шамоли хунуки тирамоҳ бераҳмона пайкарамро мелесид, вале аз шиддати асабоният хунукиро ҳис намекардам. Ҳушу ёдам танҳо дар шавҳарам буд. Аз тангкӯча ба кӯчаи калон баромадам. Аз он кӯчаҳои серодаму пурғалоғулаи шаҳр осоре боқӣ намонда буд, танҳо аз ҳар гӯша овози тирпарронӣ шунида мешуду халос. Аз ягон-ягон роҳгузарон, ки аз сари роҳам мебаромаданд, шавҳарамро пурсон мешудам, вале касе дар борааш маълумоте надошт. Зане маслиҳат дод, беморхонаҳоро хабар бигирам. Ба беморхонаи Қарияи Боло расиданамро худам нафаҳмида мондам. Дари яке аз биноҳоро кӯфтам. Духтуре дарро ба рӯям кушод. Аз симояш пай бурдан мумкин буд, ки чанд рӯз бехобӣ кашидааст. Арзи маро гӯш карда синну соли шавҳарам, қаду қомат ва либоси дар бар доштаашро пурсид, баъд маро ба таҳхонаи яке аз биноҳо бурд. Аз таҳхона бӯйи ғализе меомад. Дар фарши таҳхона чанд ҷасад, ки аз рӯи гуфти духтур дирӯз оварда буданд, мехобид. Ҷасадҳоро як-як аз назар гузаронидам, яке бо ҷароҳати хуншоре, дигаре бараҳна, сеюмине бе даст… Шавҳарам ҳангоми аз хона баромадан шиму костюми ҷигариашро пӯшида буд. Аз дур дар зери тиреза ҷасадеро бо шиму костюми ҷигарӣ дидаму дилам таҳ кашид. Бо як азоб худро ба даст гирифта ба назди он ҷасад рафтам, вале ҷасади ҷавони 20-23 солае будааст. Бо умед ба беморхонаҳои дигар муроҷиат намудам, лекин шавҳарамро ёфта натавонистам. Бо умеди он ки шояд шавҳарам зиндаву саломат буда, аллакай ба хона баргаштааст, азми бозгашт намудам. Дар роҳ бо як шиноси шавҳарам вохӯрдам. Ҷӯраи шавҳарам ба ман шумхабар расонд, ки чӣ тавр кушта ҷасадашро ба об партофтани мардакамро бо чашми худаш дидааст. Худоё, чи даҳшатҳоеро, ки он ҷанги хонумонсӯз ба сари мо наовард! Хуллас, мо натавонистем ҷасади шавҳари меҳрубону ғамхорамро ёфта аз рӯи таомули мусулмонон ба хок супорем…

Ҳамин тавр, ман як бевазани танҳо бо духтари қадрасам, ки ягона нишонаи шавҳари худораҳматиям буд, дар он рӯзҳои мудҳиши ҷанги бародаркӯшӣ танҳо мондем. Ҷавонзане бо чор кӯдакаш дар ҳамсоягиамон зиндагӣ мекард. Шавҳари он зан дар қушунҳои СНГ хизмат менамуд ва ҳар рӯз ба мо каме ҳам бошад нону консерва медод. Духтарам Озода бар ивази ин некиҳояшон дар корҳои хона ва нигоҳубини кӯдаконаш ба ҳамсоязан ёрӣ мерасонд. Дилам ҳамеша дар ҳарос буд, чунки «боевикҳо» дар шаҳр бетартибиҳои зиёде менамуданд. Ғоратгарӣ, дуздӣ, духтаронро маҷбурӣ ба никоҳи худ даровардани силоҳдоронро шунида, ба таҳлука меафтидам, ки рӯзе ин мусибат ба сари мо ҳам наояд… Як нисфирӯзӣ дарамонро куфтанд. Дар рӯ ба рӯям бевазани ҳамсояамонро, ки аз ошёнаи чорум буда, дар бероҳагардӣ ва фоҳишагӣ ном бароварда буд, ҳамроҳи як марди тақрибан 30- сола, ки дар бар либоси ҳарбӣ дошт, дидаму ҷон гӯё аз танам баромад. Онҳо таклифи маро интизор нашуда, ба хона даромаданд. Чашмони он мард духтарам Озодаро бо нигоҳашон хӯрдан мехостанд. Табассум намуда ба зани ҳамсояамон чашмак зад. Аз ин рафторашон нафратам омад, мехостам ҳардуяшонро аз хона зада пеш кунам, вале аз тарси он ки духтарамро он силоҳдор зӯран набарад, дам фурӯ бастам. Ҳамсоязан ин ҳолати маро дида, ба гап даромад: «Ҳамсояҷон, шумо беҳуда зиқ нашавед, ин кас Ҳаким, додари ман, бо нияти нек ба хонаи шумо омадем. Ҳакимҷон ба духтари шумо ошиқ шудааст. Шукр гӯед, ки духтаратонро надуздидаанд ё омада аз хонаатон ба зӯрӣ набурдаанд. Ман ба шумо некӣ мехоҳам. Бо духтари қадраси соҳибҷамол дар ин замона танҳо зиндагӣ кардан хатарнок аст, не нагӯед ҳамсоя… Ваъда додам, ки фикр мекунам. Онҳо баромада рафтанд. Маҳзун гаштани духтарамро дида, хостгории ҳамсояро рад намудам. Шабҳо хобам намебурд, аз андак тараққоси дар ҷаста мехестаму ба гирду атроф гӯш меандохтам, метарсидам, ки Ҳаким ба хонаамон зада надарояд. Аз дигар ҳамсояҳо маслиҳат пурсидам. «Ҳоло ҳам дер нашудааст, бо обрӯ духтари қадрасро ба шавҳар диҳед. Дар замонаи нотинҷ аз куҷо ҷавони муҷаррадро меёбед?!» гуфтанд. 

ИДОМААШРО ФАРДО ШАБ СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД