Arzon march 2024
Туман мефарояд, эҳтиёт шавед!
272



Мувофиқи маълумоти Агентии обу ҳавошиносии кишвар имрӯз ҳаво дар сар то сари ҷумҳурӣ абрнок шуда, туман мефарояд ва боришоти шадид ба амал меояд.

Аз сокинони кишвар, махсусан аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд ва ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоранд.
Воридшавии анбӯҳи ҳавои сард ба ҷумҳурӣ боиси пастшавии ҳарорат гашта, боридани барфи тар дар назар аст.

Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борон ва барф меборад, вале дар шарқи вилоят ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 13-18 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрнок дар назар дошта шуда, , дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барфи пуршиддат ба амал меояд ва туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6, рӯзона 11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шудааст, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барфи бошиддат борида, туман мефарояд.

Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа, рӯзона 10+15 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе низ ҳавои абрнок пешгӯӣ шудааст. Рӯзона борон ба амал омада, бегоҳ туман мефарояд ва барфи тар меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона ва рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД