Намоз дар ҷавоби саволи духтар надонист, ки чӣ гўяд. Ў чунин вонамуд кард, ки онро нашунид. Мусофир саволашро такрор намуд ва ин дафъа ҷавонмард маҷбур шуд, ки эҳсосоти қалбашро ба забон орад.
- Як лаҳза…, фақат як лаҳза…, худро дар биҳишт дидам.
- Кайҳо мехостам, ки ҳурри биҳишт бошаму мардеро бо ҳусну ҷамол ва қалби пурэҳсос ба худ ҷалб намоям,- овози духтар басо дилнавоз баромад.- Имрўз ба ниятам расидам.
Намоз дар ҳолати ногувор монд. Барои аз ин вазъияти ноҳинҷор халос шудан суръати мошинро тезонд.
- Эй, сорбон, оҳиста рон, ки ороми ҷонам меравад,- овози дилнишини духтар шасти ронандаро паст кард, ки ў хоҳиши маъюбро ба иҷро расонд.- Маро аз ҳузури худ дарҳол бенасиб нагардонед. Худованд имрўз маро ба мақсадам расонд.
- Чӣ хел мақсад?,- ҳайрон савол дод Намоз ва ҷониби духтар гардан тофта, ба симои аз ҳаяҷон гулгунгаштаи мусофир дида дўхт. Ба назараш намуд, ки парие бо симои маҳваш ба ў бо табассуми дилфиреб менигарад.
- Мехоҳам ҳамсари шумо шавам,- боҷуръатона ба чашмони аз ҳайрат калон кушодаи ҷавонмард нигариста, духтар эҳсосоти дилашро баён намуд.- Агар зан дошта бошед, маро ҳамчун ҳамсари дуюм қабул кунед.
Намоз якбора мошинро нигоҳ дошт. Сар болои чамбарак гузошт. Сукути тўлонии тазйиқоваре дар дохили мошин ҳукмрон гашт. Дар ин хомўшии гарон фақат нафаскашии бошиддату баланди духтар ба гўш мерасид. Намоз аз ҳаяҷони ботинӣ баланду паст шудани синаҳои ба шафтолу монанди духтарро намедид.
- Охир, ман зан ҳастам,- хомўшии вазнинро овози нарми духтар шикаст.- Ба меҳру навозиши мард ҳуқуқ дорам. Агар ман маъюби модарзод неву бо ду пойи равон таваллуд мешудам, боварӣ дорам, ки девори ҳотаи моро аз хишти хостгорон месохтанд. Вале, чӣ илоҷ, ки Худованд намедонам барои кадом гуноҳи волидон маро соҳиби муҳтоҷию мусибат гардонд.
- Эҳтимол нақшае доштагистед?,- ҳамин савол дар майнаи сари ронанда пайдо шуд ва ў зуд онро ба забон овард.
- Нақша,- бо тааҷҷуб ин калимаро такрор кард маъюб.- Ҳа, ман шуморо фаҳмидам. Натарсед! Ман бори гарони шумо шудан намехоҳам. Ба сари падарам ҳам ана ҳамин фикри ботил омада буд, ки аз тарс думро хода карда гурехт. Агарчи ман бо ду пойи маъюб таваллуд шуда бошам ҳам, вале ду дасти пурқувват дорам,- ва духтар аз нав гардани ронандаро ба оғўш гирифт.- Модарам аз хурдӣ ба ман ҳунари дўзандагиро омўзонд ва бо ҳамин дастон ҳам худаму ҳам модарамро мехўронаму мепўшонам. Чаро ба худ савол намедиҳед, ки барои чӣ ман дар сари роҳ истода будам? Зеро ҳафтае як бор ба мағозаи «Армуғон» маҳсули дастамро оварда, маблағи аз фурўши он ба даст овардаро аз фурўшанда мегирам. Нақшу нигори офаридаи ман хонадони аҳли деҳаи Амондараро зеб медиҳад. Бо ҳунари худ дар чандин озмунҳо ғолиб баромадаам. Сўзаниҳои дўхтаи ман дар осорхонаҳо ҷойҳои муносибро ишғол кардаанд. Як маротиба ба хонаву дар, боғу роғ ва ҳавлии ман назар афканед, ба хулосае меоед, ки онро деҳқони асиле оростааст.