arzon replenishment
ТУХМ АРЗОН ШУД!
3146


Баланд шудани ҳарорати ҳаво ба нархи тухм бетаъсир намонда, қимати онро хеле коҳиш дод. Имрӯз дар аксари бозорҳои кишвар нархи як дона тухм аз 1, 20 то 70 дирам поин шудааст.

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе як дона тухм аз 90 дирам то як сомонӣ, дар шаҳри Ваҳдат 1сомонӣ, дар Ҳисор ва Фархор низ бо ҳамин нарх фурӯхта мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар иди Рамазон як қутти тухм то 38-40 сомонӣ фурӯхта шуд.

Сабаби поин рафтани арзиши тухмро дар гармии ҳаво меҳисобанд. Ҳамасола дар фасли тобистон нархи тухм 15-20 дирам поин меравад.

Спутник дар такя ба манобеи худ аз вилояти Суғд хабар додааст, ки арзиши тухм дар бозори “Панҷшанбе” ба 70 дирам баробар шудааст. Ҳоло нархи як қуттӣ тухм дар ин бозор 21 сомонӣ ва як донаи он 70 дирам мебошад.

Соли 2020 дар маҷмуъ дар фермаҳои мурғпарварии кишвар бештар аз 490 миллион дона тухм истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 165 миллион дона зиёдтар мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2018 содироти тухми мурғ ба хориҷ ва воридоти онро ба кишвар манъ карда, корхонаҳои парвариш ва истеҳсоли хӯроки паррандаро аз ҳама намуди пардохтҳои андозӣ озод намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД