Дар арафаи соли нави мелодӣ аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони як қатор мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Аз ҷумла ба тариятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво ва Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва дерношунавошуда»-и ноҳияи Рӯдакӣ муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ кумак ва туҳфаҳоро аз номи Президенти мамлакат супурданд.
Хонандагон аз ғамхории падаронаи Пешвои миллат шод гашта, ваъда доданд, ки хубу аъло таҳсил мекунанд ва дар оянда ба халқу Ватани худ содиқона хизмат хоҳанд кард.
Ба 156 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон низ аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзода туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супурда шуд, ки аз шириниҳо ва сарулибоси шинаму зебо иборат буд.
Туҳфаҳои президенти кишвар ба дасти кӯдакону наврасони Бадахшон низ расид. Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон либосҳои зимистона ва туҳфаҳои Сарвари давлатро намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданд.
Тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон ба Пешвои миллат барои ғамхории навбатӣ ва туҳфаҳо изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд ва дар оянда ба Ватани азизи худ - Тоҷикистон содиқона хизмат менамоянд.