Суҳроб аз ҳаммом тозаю озода шуда баромаду сари миз нишаст. Ӯ чунон гурусна буд, ки луқмаҳояшро нахоида фурў мебурд. Сари миз хеле суҳбат карданд ва писаракро хоб бурд.
Рустам хонаро аз назар гузаронид, кадбонуи хуб будани модари Суҳроб маълум шуда меистод. Ў аз ғаладдони мизи роҳрави хона дафтарчаеро ёфт ва беихтиёр онро варақ зад.
Модари Сўҳроб он ҷо ҳама дарди дилашро навишта буд. Маълум шуд, ки ҷавонзан сахт бемор аст ва аз тақдири писараш нигаронӣ дорад. Рустам батамом аз қиссаи модари Суҳроб, ки дар хонаи бачаҳо ба воя расидаасту шавҳараш ҳам баъди фарзанддор шудан партофта рафтааст, огоҳ шуд.
Ҷавонмард дигар наметавонист писаракро танҳо гузорад, ў назди кати Суҳроб курпачаеро партофта хоб рафт. Субҳ ўро Суҳроб аз хоб бедор кард:
- Амакҷон, хезед, ман барои шумо субҳона тайёр кардам.
Сари миз ҳасибу панири хеле беҳунарона буридаи Суҳробро хўрда, гумон кард, ки дар умраш чунин хўроки бомазза нахўрдааст.
Худи ҳамон рўз ба аёдати Бунафша - модари Суҳроб рафтанд. Зан бо дидани писараш ашки шашқатор рехт. Рустам ба ў шиносоияшонро ба Суҳроб нақл карду гуфт, ки “шумо ғам нахӯред, писаратон бо ман мемонад, ҳамин ки сиҳат шуда хестед, ба наздатон меравад”.
Бунафша, ки саратони ҷигар ҳам заррае ҳуснашро накоҳонда буд, бо алам ба Рустам нигариста, гуфт:
- Ман аз ин ҷо дигар намебароям, аммо шумо инсони хуб ҳастед, илтимос писари маро ба ятимхона баред, ман директорашро хуб мешиносам, ў писарамро қабул мекунад.
Рустам даҳшати бемори саратонро медонист, аммо Бунафшаро дилбардорӣ кард, бо ёрии ў духтурон Бунафшаро ба палатаи яккасаи дорои тамоми шароит бурданд ва табобаташ ҳам дигархелтар шуд. Аммо духтур ба Рустам гуфт, ки аз умри ин зани зебо ҳамагӣ як моҳ боқӣ мондааст…
- Барои писархонд кардани Суҳроб мову шумо бояд хонадор шавем,- гуфт Рустам ба Бунафша ва зан розӣ шуд.
Онҳо дар беморхона хонадор шуданд. Рустам ба духтур гуфт, ки Бунафшаро ҷавоб диҳанд, бе ин ҳам ба ў фақат доруҳои беҳискунанда медиҳанд, ки онро дар хона ҳам додан мумкин аст. Бунафша бо хурсандӣ розӣ шуд, ў мисли шоҳпарак сабук буд, Рустам занро болои дастонаш бардошта, ба мошин шинонд ва шаҳрро давр занонда, ба хона овард. Чӣ қадар нишот буд дар чашмони маҳзуни ў ва Суҳроб.
Валя-хола - модари Рустам, ки дар як муддати кўтоҳ бо Суҳроб унс гирифта буд, Бунафшаро хуб пазироӣ кард. Зан хеле хушбахт буд, ки писараш бо чунин инсони беназир ошно шудааст ва инро лутфи Худои бузург номид.
Пас аз як моҳи хушбахтиҳо Бунафшаи ноком ҷон ба ҷонофарин супорид. Дар ҷанозаи ў ҳама дўстони Рустам иштирок доштанд. Баъди аз сар қабри Бунафша баргаштан Суҳроб ба Рустам гуфт:
- Амакҷон, модарам ба ман гуфтанд, ки Рустам падари туст, ки пайдо шуд ва туро ёфт. Оё ин рост аст?
Рустам бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд.
Писарак илова кард:
- Ман шуморо падар гўям, майлаш?
Рустам боз сар ҷунбонд…
Ҳамин тавр, зиндагии ширину пур аз маънии як марди баркамол ва як писараки бо ҳукми қисмат бе мутакко монда оғоз ёфт.
Аҷаб гардишҳое дорад қисмати инсонӣ.
Рухсора САИД