Рустам дар оилаи замонавӣ ба дунё омада, падараш ӯзбек, модараш рус ҳастанд. Падару модараш ҳарду дар соҳаи худ ба қуллаҳои баландтарин расидаанду зиндагии шоистае доранд. Писари ягонаашонро дар рўҳияи меҳру муҳаббату инсондўстӣ ба воя расонидаанд.
Рустам донишгоҳро дар риштаи иқтисод ба итмом расонидаву аввалҳо дар як корхонаи давлатӣ фаъолият мекард. Баъдтар тиҷорати худро кушода, хеле муваффақ ҳам шуд ва духтари дўстдоштаашро ба занӣ гирифт. Падару модараш бештар дар бўстонсарояшон, ки дар як мавзеи хушбоду ҳавои кишвар воқеъ аст, зиндагӣ мекарданд, зеро ба нафақа баромада буданду давлати пирӣ меронданд. Рустам ҳамроҳи занаш дар маркази шаҳр дар хонаи панҷҳуҷрагии хушҷиҳоз умр ба сар мебурданд. Занаш тиҷорати худро дошт, ў барои кошонаҳои ҳусн ҳар гуна таҳҷизот меовард.
Муносибати келин бо хусуру хушдоманаш чандон хуб набуд, модари Рустам мехост наберадор шавад ва онҳоро саробонӣ намояд, аммо келин инро намехост. Рустам волидонашро аз ҷонаш зиёдтар дўст медошт, ҳарчанд онҳо ба чизе ниёз надошта бошанд ҳам, ҷавонмард ҳама чизи ёфтаашро бо онҳо тақсим мекард. Падару модараш давлати пирӣ меронданду дар бӯстонсарои сабзу хуррамашон ҳам боғдорӣ мекарданду ҳам занбӯрпарварӣ, вале ҳар дафъаи дидор аз Рустам хоҳиш мекарданд, то фикри фарзанддор шуданро бикунад.
Ҷудоии Рустам бо занаш Нозия низ сари ҳамин мавзуъ сурат гирифт.
- Ноз, аз зиндагии мо ҳафт сол сипарӣ мешавад, оё вақти он нарасидааст, ки мо дар бораи фарзанддор шудан фикр кунем?,- дар омади гап савол дод Рустам ба занаш.
Нозия оромона посух дод:
- Не, ман ба ин тайёр нестам.
- Модарам мегўяд, ки ёрӣ мерасонам, ту коратро кардан мегирӣ, даркор шавад, доя мегирам,- мавзӯро идома дод Рустам.
Нозия шўрид:
- Гӯш кун, модари ту кӣ аст, ки ба ман фармон медиҳад?! Кори модари ту ба ману зиндагиям набошад!
Рустам баҳсро идома надод…
Рўзи дигар Нозия ба суд барои ҷудо шудан ариза навишт ва онҳо ҷудо шуданд.
Рустам ҳама чизро дошт, хонаву дар, пул, зебоӣ ҷавонӣ, аммо ишқ набуд, модараш гоҳе омада, хонаашро тоза карда мерафт, хўрокашро аксар вақт дар тарабхона мехўрд.
Як бегоҳи боронии тирамоҳ Рустам аз офисаш баромада, ба хона омад, либосашро иваз карда, ба мошинаш нишаст ва сўи тарабхонаи дўстдоштааш роҳ пеш гирифт. Бо як рафиқаш қарор карданд, ки он ҷо шом мехўранд.
Нав ба тарабхона расида буд, ки Амир, рафиқаш занг зада гуфт, ки писараш таб кардаасту омада наметавонад. Рустам танҳо шом хўрду аз тарабхона берун шуд. Дар лаби пайроҳа назди мошини ў писараки тахминан шаш-ҳафтсолае рўи замин нишаста, болои бетон хат мекашид. Писарак бисёр зебо вале маҳзун буд. Дили раҳмини Рустам нагузошт, ки аз паҳлуи ў бепарво гузарад ва аз ин мавҷуди зебо пурсид:
- Салом ҷўраҷон, чаро дар ин шоми сард танҳо ин ҷо нишастаӣ?
- Салом амакҷон, модарам дар беморхона, ман дари хонаамонро кушода наметавонам, ки он ҷо дароям, барои ҳамин инҷоям.
- Падарат куҷост?,- боз пурсид Рустам.
- Падарам ҳангоми хурд будани мо аз хона рафта, дигар барнагаштааст,- бинӣ кашида, сараш хам посух дод писарак.
- Серӣ ё гушна?,- тагпурсӣ кард Рустам.
- Гурусна амакҷон, ду рўз боз қариб чизе нахўрдаам, дар берун хоб мекунам.
Дили Рустам таҳ кашид, ў гашта ба тарабхона даромада, хўроку нўшиданӣ хариду писаракро, ки Суҳроб ном доштааст, ба мошинаш шинонда, сўи хонаи онҳо роҳ пеш гирифтанд. Суҳроб суроғаи хонаашонро азёд медонистааст.
Қуфли дари хона хеле баланд буда, қади Суҳроб ба он намерасид. Рустам дарро кушоду ҳарду вориди хона шуданд, хонаи якҳуҷрагӣ таъмираш миёна, вале хеле тозаву озода буд. Рустам рӯи мизи ошхона хўрокҳоро кушоду чой монд. То ҷўшидани чой ба Суҳроб гуфт, ки оббозӣ кунаду либосҳои тозаашро пўшида, баъд сари миз нишинад. Писарак либосҳояшро гирифта, ба ҳаммом даромад, вале маълум буд, ки сахт гурусна аст, зеро чашмашро аз хўрокҳо намеканд.
Рухсора САИД