goodwell
Трамп муҳлати оташбасро дароз кард, Эрон ба ҷанг омодагӣ мегирад, агар...
93

Президенти ИМА Доналд Трамп муҳлати оташбаси дуҳафтаинаро миёни Амрико ва Эрон бо дархости Покистон то замони ироаи пешниҳоди Теҳрон ва поёни музокирот дароз кард, аммо ҳанӯз маълум нест, ки даври дуюми музокироти Вашингтон ва Теҳрон баргузор мегардад ё не.

Трамп дар саҳифаи “Truth Social”-и худ навиштааст, ки бо дархости фармондеҳи кулли Артиши Покистон Осим Мунир ва нахуствазири ин кишвар Шаҳбоз Шариф ҳамла ба Эронро то замоне, ки раҳбарон ва намояндагони ин кишвар тавонанд пешниҳодоти худро ироа созанд, боз медорад, вале ба Артиши Амрико дастур додааст, ки муҳосираро идома дода, дар ҳоли омодабош қарор дошта бошанд.

Ҳарчанд Эрон ҳанӯз ба ин изҳороти президенти Амрико расман посух надода бошад ҳам, қароргоҳи “Хотамуланбиё” эълон кардааст, ки Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар омодаи ҷанг ҳастанд ва дар сурати таҷовуз ба хоки Ҷумҳурии Исломӣ ҳатман посухи ҷавобӣ хоҳанд дод.

“Агар ба Эрон ҳамла шавад, Теҳрон омода аст фавран ба ҳадафҳои аз пеш муайяншудаи душман қудратмандона зарба занад”,- ҳушдор додааст Иброҳим Зулфиқорӣ, сухангӯи қароргоҳи “Хотамуланбиё”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД