Президенти ИМА Доналд Трамп гуфтааст, ки ният дорад «ба зудӣ» бо президенти Русия Владимир Путин дар бораи марги корманди Институти зиддивабоии Иркутск суҳбат кунад. Дар ин бора рӯзномаи The Washington Post иттилоъ додааст.
Ин корманди 28-сола Даря Шипилова рӯзи 2-юми октябр даргузаштааст. Мақомоти Русия сабаби маргро пневмонияи номаълум арзёбӣ кардаанд ва мегӯянд, ки дар натиҷаи санҷишҳо нишонае аз сирояти вабо ё дигар ангезандаҳои хатарнок пайдо нашудааст.
Бо вуҷуди ин, марги ӯ, ки дар як муассисаи махсуси таҳқиқи вабо кор мекард, боиси нигаронии байналмилалӣ шудааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, ки ҳанӯз маълумоти кофӣ дар бораи сабаби дақиқи марги корманди озмоишгоҳ надорад ва аз Русия хостори пешниҳоди маълумоти бештар шудааст.
- Трамп гуфтааст, ки мақомоти Амрико ин қазияро бодиққат баррасӣ мекунанд. Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки ҳоло ИМА гумон намекунад, ки ин ҳодиса ба силоҳи биологӣ иртибот дошта бошад,- менависад The Washington Post.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия мегӯянд, ки барои аҳолии вилояти Иркутск хатари паҳншавии эпидемия вуҷуд надорад. Имрӯз, 8-уми октябр “Роспотребнадзор” инчунин хабарҳо дар бораи гирифтор шудани шахси дуюмро «иттилои бардурӯғ» номидааст.
Гуфта мешавад, ки ин қазия ҳамоно таҳти назари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва мақомоти ИМА қарор дорад.