Arzon march 2024
Тотористон барои касбомӯзии тоҷикон 100 квота ҷудо кард
201

Дирӯз дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳрии Душанбе Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат ва калонтарин ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тотористон ва Федератсияи Россия мулоқот кард. Дар ин бора Раҳматулло Каримзода, сухангӯи ин ниҳод ба Oila.tj хабар дод.

Зикр шуд, ки дар мулоқот роҳҳои беҳбуд бахшидан ба такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаи таълимии касбӣ, коркарди моделҳои нави такмили маҳорати касбӣ ва сатҳу сифати курсҳои такмили ихтисос мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки айни замон дар назди Кумита 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи ғайридавлатӣ) ва 5 филиал (1 давлатӣ ва 4 ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рўйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.

Андрей Поминов, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тотористон гуфтааст, ки онҳо омодаанд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омода кардани мутахассисони касбӣ дар Коллеҷи политехникии “Алабуга” ҳамкорӣ кунанд. Ҳамзамон, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тотористон барои касбомӯзии шаҳрвандони Тоҷикистон 100 квота аз рӯи 18 ихтисос ҷудо гардидааст.

Дар мулоқот роҳбарони муассисаҳои таълимии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла коллеҷҳои технологӣ, муҳандисию омӯзгорӣ ва техникӣ якҷо бо ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тотористон имкониятҳои худро муаррифӣ намуда ва ҳавасмандиашонро ҷиҳати ҳамкории дуҷониба иброз доштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД