Маъмулан мардуми тоҷик иди қурбонро 3 рӯз ҷашн мегиранд. Азбаски рӯзи аввал шумораи меҳмонон хеле зиёд аст, аксари хонумҳо дар рӯзҳои дуюм ва сеюми иди қурбон ба хонаи хешу табор ва шиносу дугонаҳояшон меҳмонӣ мераванд. Албатта дар назди меҳмон торту шириниҳои аз рӯзи якуми ид боқӣ мондаро гузоштан аз рӯйи одоб нест, аз ҳамин хотир мо тарзи тайёр кардани як торти хеле болаззати шоколадиро манзури шумо месозем, то дар рӯзҳои дуюм ва сеюми ид меҳмонони худро бо ин тор шод гардонед.
Маҳсулоти лозима:
180 г орд, 50 г шакари кӯфта, 20 г какао, 1 тухм, 100 г равғани маска, 200 мл саршир (сливки), 200 г шоколади сиёҳ, 40 г равғани маска, мева барои ороиш.
Тарзи таҳия:
Орду шакари кӯфта ва какаоро дар зарфе омезиш диҳед. Ба он равғани мулоимшудаи маскаву тухмро илова карда, хамири омодашударо дар яхдон муддати 60 дақиқа нигоҳ доред. Хамирро дар қолаби тортпазӣ тунук карда, бо чангак чанд ҷояшро сӯрох кунеду дар ҳарорати 190 дараҷа муддати 20 дақиқа пазед. Сарширро ҷӯшонида, ба он шоколади резаву равғани маска илова кунед ва баъди хунук шуданаш ба рӯи торт рехта, бо мева оро диҳед.