Arzon march 2024
Торти «Калиди тиллоӣ»
552

Маҳсулоти лозима барои бисквит:

Тухм – 7 дона

Шакар – 2 стакон

Асал – 3 қошуқ

Сода – ним қошуқча

Орд – 3 стакон

Барои ороиш:

Равғани маска – 300 грамм

Ширқиём – 300 грамм

Чормағз – 1 стакон

Тарзи таҳия:

Дар як зарф тухм ва шакарро бо миксер то сафед шудану каф карданаш лат мезанем, сипас асалро бо сода омехта карда ба маҳлул ҳамроҳ мекунем ва лат заданро идома медиҳем. Пас аз он, орд андохта хуб мекобем ва маҳлулро ба 3 қисм тақсим мекунем.

Дар қолаб қоғази пергамент тунук карда, маҳлулро дар он мегирем. Дар тафдон қисми аввалро мерезем ва дар ҳарорати 160 дараҷа муддати 15-20 дақиқа мепазем. 2 коржи дигарро низ ҳамин тавр пухта мегирем.

Барои малҳам (крем) дар зарф равғани маскаро каме бо миксер лат мезанем ва ширқиёмро ба он ҳамроҳ намуда, лат заданро идома медиҳем. Ба ҳар як қабати торт аввал шир пошида, баъд малҳам мемолем. Болояшро бо чормағзи мағзкардашуда оро медиҳем. Метавонед бо малҳам болои тортро дар шакли “Калиди тиллоӣ” ороиш диҳед. Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД