sebiston july new
Торти «Дилак»
719


                         Маҳсулоти лозима:
4 дона – тухм
180 грам – шакар
5 грам – ванелин
5 грам – маводи ковоккунанда
120 грам - орд
Какао
Барои ороиш:
400 грам – қаймоқи сливки
75 грам – дилала

                           Тарзи таҳия
Дар зарфи тортпазӣ тухм, 1 стакон шакар ва ванелинро якҷоя карда, бо миксер 5 дақиқа беист лат мезанем. Баъдан ба он 2 қошуқ какао, 6 қошуқ орд ва маводи ковоккунанда илова карда, боз лат мезанем.
Ба қолаб равған молида ба он қоғази пергамент тунук мекунем ва бисквити омодашударо мерезем. Тортро дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа ҳамагӣ 15 – дақиқа пухтан лзим аст.
Барои ороиш дилала ва қаймоқро бо миксер лат мезанем.
Барои мулоим шуданаш ба бисквит қандоб мекунем ва малҳамро (крем) мемолем. Баъдан қабати дуюмашро монда каме қандоб мекунем ва ба ҳама ҷои бисквит малҳам (крем) молида, боқимондаи малҳамро барои оро додани торт истифода мебарем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД