Маҳсулоти лозима:
10 дона тухм, 200 мл шир, 350 гр равғани маска, 400 гр шакар, 200 гр орд, 1 қошуқча ванилин.
Тарзи таҳия:
Тухмро муддати 6 дақиқа лат занед. Баъдан шакар, равғани маска, шир ва ордро ҳамроҳ намоед. Ба тобаи тафдон равған молида, хамирро рехта, дар ҳарорати 120 дараҷа пазед. Барои омода кардани малҳам дар 200 мл шир 100 гр шакарро ҳамроҳ карда, ба болои оташ гузоред. Пас аз 15 дақиқа ба он 2 тухм ҳамроҳ намуда, аз болои оташ гиред. Муддати 20 дақиқа дам диҳеду дар ду зарф ҷудо кунед. Ба яктоаш ранги гулобӣ ба дигараш ранги сабз ҳамроҳ намуда, тортро оро диҳед.