Маҳсулоти лозима:
6 дона – тухм
2 стакон – шакар
10 грам – маводи ковоккунанда
1,5 стакон – орд
Барои ороиш:
200 грам – дилала
1 пиёла – шир
1 пачка – қаймоқ
1 стакон – хокаи шакар
1 пачка – шири моеъ
2 пачка - какос
Тарзи таҳия:
Дар зарфе тухму шакарро бо миксер лат мезанем. Баъдан ба он орд ва моддаи ковоккунанда илова карда нағзакак лат мезанем.Ба қолаб равған молида ба он қоғази пергамент тунук мекунем ва маҳлулро ба он мерезем.
Тафдонро дар ҳарорати 180 дараҷа мемонем ва маҳлулро ба тоба андохта дар 25 – 30 дақиқа мепазем.Барои ороиш қаймоқ ва хокаи шакарро бо миксер лат мезанем.
Ба дилала шир илова карда бо миксер лат мезанем, то омода шуданаш ва ба он шири моеъ илова карда бо миксер лат мезанем.
Бисквит, ки тайёр шуд мемонем то камтар хунук шавад, баъд онро аз байн ду тақсим мекунем. Малҳамро (крем) ба бисквит молида тортро бо какос оро медиҳем.