formula feb 2025
Торти банандор
13.03.2025
Oila.tj
426

Маҳсулоти лозима:

200 грамм равғани маска, 4 дона банан, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда, 4 тухм, 100 грамм чормағз, 1 истакон орд, 1 истакон қаймоқ (сметана), 1 истакон шакар. Барои малҳам: 500 мл шир, 200 грамм шакар, 50 грамм орд, 4 зардии тухм.

Тарзи таҳия:

Тухмро бо шакар лат зада, қаймоқ ва равғани маскаро илова кунед. Орду моддаи ковоккунандаро мунтазам илова намоед. Хамири тайёршударо ба се қисм тақсим карда, як қисмашро дар тоба, дар ҳарорати 190 дараҷа, муддати 20 дақиқа пазед. Хамири боқимондаро низ, ҳамин тавр пазед. Зардиҳои тухмро бо шакару орд лат зада, ба он шири пухтаи ҷӯшонро илова кунед ва дар оташи паст то ғафс шуданаш 8 дақиқа пазед. Баъди молидани малҳам, ба қабатҳои торт як қабат банани резашударо чинед ва болояшро бо чормағз оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД