Ширинии зиндагӣ ба ширинии дасти зан вобастагӣ дорад. Ҳар қадар зан дар ҳунари кадбонугӣ моҳир бошад, ҳамон андоза дили шавҳар ва аҳли оила ба ӯ гармтар мешавад.
Аз ҳамин хотир имрӯз мо ба бонувон тарзи пухтани як торти бисёр хушмазза ва ширинро ёд медиҳем, ки “Арӯсак” ном дорад.
Маҳсулоти лозима:
1-истакон шакар
200-грамм орд
1-қошуқча сода
2-дона тухм
2-қошуқ равғани растанӣ
500-рамм шир
100 грамм ширқиём(сгущенное молоко)
100 грам чормағз
3-дона банан ва намак
Тарзи таҳия:
Дар аввал хамири тортро, ки ба блинчик монандӣ дорад, тайёр кардан лозим аст. Барои ин тухм ва шакарро бо миксер лат зада, каме намак мепошем, баъд шир ва равғани растаниро илова намуда, нағзакак омехта мекунем, сипас орд ва як қошуқча моддаи ковоккунанда андохта. Хамир тайёр мекунем. Хамири торт бояд суст, вале аз отола ғафстар бошад.
Пас аз он ки хамир тайёр шуд, ба тобаи блинчикпазӣ каме равған молида, хамирро меандозем ва аз ҳарду тараф то тиллоранг шуданаш мепазем.
Бананро тунук ва гирд реза карда, чормағзро майда мекӯбем ва ба блинчикҳои тайёршуда ширқиёмро бо равғани маскаомехта карда мемолем, сипас бананро чида чормағзи кӯфтаро аз болояш мепошем. Ҳамин тавр ба ҳар як қабати торт меваю чормағз гузошта ширқиём молидан лозим аст.
Вақте ки торт тайёр шуд, бо креми сап-сафед рӯй ва гирду атрофи онро пӯшонда, ба болояш чормағз мепошем. Агар шумо ҳунари ороишгарӣ дошта бошед, метавонед дар болои торт аз крем ҳар гуна гулҳо бисозед ё акси арӯсро тасвир намоед.
Иштиҳои том!
Ширинии зиндагӣ ба ширинии дасти зан вобастагӣ дорад. Ҳар қадар зан дар ҳунари кадбонугӣ моҳир бошад, ҳамон андоза дили шавҳар ва аҳли оила ба ӯ гармтар мешавад. Аз ҳамин хотир имрӯз мо ба бонувон тарзи тухтани як торти бисёр хушмазза ва ширинро ёд медиҳем, ки “Арӯсак” ном дорад.
Маҳсулоти лозима:
1-истакон шакар
200-грамм орд
1-қошуқча сода
2-дона тухм
2-қошуқ равғани растанӣ
500-рамм шир
100 грамм ширқиём(сгущенное молоко)
100 грам чормағз
3-дона банан ва намак
Тарзи таҳия:
Дар аввал хамири тортро, ки ба блинчик монандӣ дорад, тайёр кардан лозим аст. Барои ин тухм ва шакарро бо миксер лат зада, каме намак мепошем, баъд шир ва равғани растаниро илова намуда, нағзакак омехта мекунем, сипас орд ва як қошуқча моддаи ковоккунанда андохта. Хамир тайёр мекунем. Хамири торт бояд суст, вале аз отола ғафстар бошад.
Пас аз он ки хамир тайёр шуд, ба тобаи блинчикпазӣ каме равған молида, хамирро меандозем ва аз ҳарду тараф то тиллоранг шуданаш мепазем.
Бананро тунук ва гирд реза карда, чормағзро майда мекӯбем ва ба блинчикҳои тайёршуда ширқиём мемолем, сипас бананро чида чормағзи кӯфтаро аз болояш мепошем. Ҳамин тавр ба ҳар як қабати торт меваю чормағз гузошта ширқиём молидан лозим аст.