Маҳсулоти лозима:
200 грамм равғани маска, 150 грамм шакар, 60 грамм хокаи шакар, 380 грамм орд, моддаи ковоккунанда, 100 грамм шоколади сафед, 180 грамм тарошаи кокос, 5 грамм оҳар (крахмал), 100 мл саршир, 2 зардии тухм, 100 грамм сметана.
Тарзи таҳия:
Зардиҳои тухмро то сафедшавӣ лат зада, ними шакарро андозеду се дақиқаи дигар лат занед. Шакари боқимондаву сметанаро илова намоед. Як истакон ордро бо моддаи ковоккунанда якҷоя карда, ба хамир андозеду орди боқимондаро бо қошуқ илова намоед ва ба яхдон гузоред. Аз коғаз як ситораи калон бурида, ситораҳои дигариро хурдтар қайчӣ кунед. Аз хамири тунуккарда ситорача бурида, даҳ дақиқа дар тафдон пазед. Дар бӯғоб шоколадро бо саршир омезед. Тарошаи кокосро дар қаҳвакўбак майда карда, бо як қошуқча шакару оҳар омезед ва ба малҳам андозед. Баъди хунук шуданаш малҳамро ба кулчаҳои пухта молида, ситораҳоро болои ҳам чинед.