Рӯзе сешанбеи ҳафтаи гузашта дар кишвари Ҳиндустон занеро ба беморхона оварданд, ки аз хала задани сараш шикоят мекард. Табибон маризро се маротиба ташхис намуда, ба хулосае омаданд, ки дар дохили косахонаи сараш чизе меҷунбад. Доктор Шанкар пас аз ҷарроҳӣ ба журналистон иқрор шудааст, ки дар косахонаи сари зан тортанаки калоне гаштугузор доштааст. Ба ақидаи табибон тортанак бо воситаи сӯрохии биниаш ба сари зан даромада, дар он дармондааст. Ҳаракат кардани ҳашарот боиси дард кардану хала задани сари мариз гашта, ӯро беқарор менамуд. Тортанак ҳеҷ намехост ҷойи гармашро хунук кунад, вале табибон бо роҳи ҷарроҳӣ онро аз косахонаи сари зан берун карданд.