Маҳсулоти лозима:
1 бонка ширқиём, 1 тухм, 3 истакон орд, 1 қошуқча содаву сирко. Барои малҳам:
750 грамм шир, 200 грамм равғани маска, 2 тухм, 1,5 истакон шакар, 3 қошуқ ванилин.
Тарзи таҳия:
Барои омода намудани кулчаҳои торт аз орду ширқиём, тухм, содаи хӯрокаи бо сирко омехташуда хамир омода созеду аз он 8 кулча созед. Ҳар кадомашро тунук карда, дар тоба аз ду тараф дар равған пазед. Канори чалпакҳои пухташударо ҳамвор бурида, нонрезаҳои буридаро майдатар кунед. Ширу шакар, орд ва ванилинро дар оташи паст то ғафс шуданаш ҷӯшонеду баъди хунук шуданаш равғани маска илова кунед. Малҳамро гаромгарм ба чалпакҳо молида, бо нонреза оро диҳед.