Маҳсулоти лозима:
Тухм – 5 дона
Шир – 1 литр
Равған – 5 -6 қошуқ
Шакар, намак
Орд – 270 грам
Барои ороиш:
500 грам – панири дилмашуда (творожный сыр)
400 грам – қаймоқ
200 грам – хокаи шакар
Қулфинай
Тарзи таҳия:
Дар зарф тухм, ним қошуқча намак, 1 стакон шакарро илова карда лат мезанем, пасон шир илова карда лат заданро идома медиҳем. Орд ва равғанро илова карда хуб омехта мекунем. Тобаро дар оташи паст мегузорем ва блинчикҳоро мепазем. Дар зарфи дигар барои ороиш қаймоқ ва хокаи шакарро бо миксер лат зада, панири дилмашударо илова карда лат заданро идома медиҳем.
Баъдан блинчикҳоро дар зарфи махсуси тортпазӣ гирифта, 4 тояшро дар гирди зарф ва 1 тояшро дар поён монда малҳам (крем) –ро мемолем ва қулфинайҳоро реза карда ҳамроҳ мекунем. Ҳамаашро ба ҳамин тарз омода мекунем ва дар охир болояшро бо блинчик мепӯшонем ва бо крем оро дода, қулфинай ва малинаро дар болояш мечинем.