Тори макр (ҚИСМИ 24)
396

Таёрӣ

Як субҳи барвақт Сарватхоҷа занг зада хабар дод, ки соати панҷи бегоҳ дар Маскав мешавад ва субҳи дигар насиб бошад вомехӯранд. Худи ҳамон рӯз Гулбоғ ба толори ороишӣ рафта, то бегоҳ ба ороишу зебогардонии худ машғул шуд, ба хона баргашта, куртаи сурхи қиматбаҳояшро ба бар намуда, ороишоти аз пинҳонгоҳи зани Иван ёфтаашро ба гардану гӯшҳояш овехта, худро дар оина нигарист. Дар ҳақиқат ҳам ӯ ба актрисаҳои зебое монанд буд, ки дар сериолҳои хориҷӣ нақш меофариданд. Ӯ бисёр мехост, ки Сарватхоҷаро мафтун намояд… Ин маккораи зинокор оғӯши гарму навозишҳои ошиқи пулмасташро ёд карда буду туҳфаҳояшро аз худаш дида зиёдтар…

Сареву савдое…

Ӯ туҳфаҳои Сарватхоҷаро ба ёд оварда, барқвор аз сараш гузашт, ки бояд ӯ низ ба ошиқаш туҳфаи арзишманде бихарад. Ҳамин вақт ба ёдаш зад, ки дар мағозаи соатҳои тилоӣ тахфифро дида буду хост аз ҳамон ҷо барои марди дилаш соати тилое харад. Ӯ аз долларҳои баҷоияш ду ҳазорашро бароварда ба ҳамёнаш гузошту Насимҷонро мунтазир нашуда, писарашро бо Маша гузошта, “сарам сахт дард мекунад” гӯён, ба хонаи хоб гузашт. Ӯ хуб медонист, ки Насимҷон ба хобаш халал нарасонида, бо писараш дар хонаи дигар мехобад…

Субҳи барвақт Гулбоғ аз хоб бархоста, бо хурсандӣ бо ҳамсарашу писараш наҳорӣ карду барои «страховка» гуфт:

- Насимҷон, шаби дароз сарам сахт дард кард, ана ҳозир ҳам хеле вазнин аст. Мехоҳам ба духтур равам…

Насимҷон бо меҳрубонӣ аз чаккаи сари занаш бӯсида, посух дод:

- Албатта, рав! Дар ин дунё саломатӣ набошад, чизи дигар даркор нест!

Гулбоғ шавҳарашро гусел карда, ба Маша чанд супориш дода, худро мисли маликаҳо оро дода, аз хона баромад. Машаву шавҳараш дар як муддати кӯтоҳ ба ин оила, бахусус Насимҷони дилкушоду дилсафед дил баста буданду бо хурсандӣ ба эшон ёрӣ мерасониданд. Маша бо набзи занонааш эҳсос мекард, ки Гулбоғ чӣ сирре дорад, аммо метарсид, ки агар ӯро насиҳат кунад, аз маоши хуб, ҷойи гарму нарм ва хӯрокҳои болаззат мемонанд. Охир, Насимҷон онҳоро он қадар азиз медошт, ки мисли водидонаш. Боре ҳамсари Маша болопӯши чармини қиматбаҳо ва палтои зебои итолёвиро, ки Насим ба онҳо аз хориҷа туҳфа оварда буд, рад карда, гуфт:

- Хӯҷаин, шумо моро шарм медоронед, бе ин ҳам ману занам дар хонаи шумо зиндагии шоҳона дорем, маоши баланд мегирем, айб аст ки чунин туҳфаи қиматбаҳоро гирем…

Насим бошад, бо лабханди талх посух дод:

- Алексей Петрович, ман ҳеҷ гуна хӯҷаин нестам, шумо метавонед маро одӣ Насим гӯед. Аммо агар туҳфаамро қабул накунед, хафа мешавам, зеро шумо аҳли оилаи ман, хешу табори ман ҳастед. Ин баракату зиндагие, ки мебинед, ба ман аз шарофати як ҳаммиллати шумо мерос мондааст. Аз ин рӯ ман пеши миллати рус, ҳар як рус қарздорам…

Аз ҳамон рӯз сар карда Машаву шавҳараш Насимро писарам ва Гулбоғро бошад, духтарам мегуфтагӣ шуданд. Гулбоғ ба онҳо мисли Насим меҳрубон набошад ҳам, ҳеҷ гоҳ озорашон намедод ва чун аҳли оила азизашон медонист. Маша ба андеша рафт, ҳеҷ намехост ба дилаш нисбати Гулбоғ гумони бадеро роҳ диҳад, вале…

Туҳфаи носупурда…

Гулбоғ сари чанбараки мошин ба истиқболи ишқаш мешитофт, барои ӯ зиндагии шоҳона, хонаву дари ашрофона, шавҳари зебою паҳлавон ва ду писараки нозанинаш арзише надоштанд. Ӯ мехост ҳарчи зудтар тайора ба наздаш Сарватхоҷаро биёрад, ӯ бӯсаҳои ширин, оғӯши ҷонфазо, атри хушбӯйи тан ва туҳфаҳои шоҳонаи ёрашро ба ҷон пазмон шуда буд. Ҳарчанд ӯ тамоми моли дунёро дошт, ороишоташ ҳисоб надошт, шавҳараш ягон чизро не намегуфт, аммо хуни ӯ гушна буд…

Мошини Гулбоғ назди мағозаи бузурге, ки дар қабати дуюмаш соатҳои фирмавии қиматбаҳо мефурӯхтанд, қарор гирифт. Азбаски дар мағоза харидорон зиёд буданд, Гулбоғ хост каме нафасашро рост карда, баъд ба назди бонуи консултант равад. Ӯ ба курсӣ нишаста, ғайриихтиёр чашмонашро ба экрани телевизори калони дар рӯ ба рӯяш монда дӯхт. Ахбори криминалӣ... Ин субҳ дар фурудгоҳи Домодедово чор нафар шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар бағоҷашон панҷ кило маводи мухаддир доштанд, дастгир намуданд, яке аз онҳо, ки сарвари гурӯҳи нашъаҷалоб дар Осиёи Миёна номбар мешавад, ба кормандони пулис бо корд ҳамла карда, як нафар занро гаравгон гирифт. Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ Сарватхоҷа Кивирхонов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид…

Гулбоғ чун ба ҳуш омад, болои сараш чанд нафар духтур ҷунбуҷул доштанд. Ӯ каме ба худ омада, ба нею нестони духтурон нигоҳ накарда, сари чанбараки мошин нишаст ва сӯйи хонааш роҳ пеш гирифт. Ӯ раҳораҳ симкортҳои телефонашро гирифта зери чархи мошинҳо партофт, баъд худи телефонашро ба қисмҳо ҷудо карда, аз тирезаи мошин ба дарё партофту оҳи сабук кашида, надонист чӣ гуна то назди дарвозааш расид…

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД