Sebiston new 2024 october
Торати барвақтӣ мумкин аст?
869

 

Агар шахси маъзур таҳорат кунад, дар ҳоле, ки намози пешин набаромадааст ва ба масҷид барои намози аср ояд, яъне вақти як намоз набаромада, барои намози дигар ба масҷид меоӣ, таҳорат мешиканад ë не? Лутфан ҷавоби муфассал диҳед.

Абубакр, хонандаи Оила

 

Посух: 

Дини мубини ислом дини фитрӣ аст. Ҳамавақт аҳволи мардумро ба назар мегирад. Дин сабукӣ аст, дин осонӣ аст, дин вазнинӣ нест. Барои ашхосе, ки бемормаъзур аст, ба монандӣ чак-чаки мезак, боди худро дошта наметавонанд, хуни равон доранд ва дигар узрҳо онҳоро ташвиш медиҳад, ба андозаи як вақти намоз худро дошта наметавонанд, ин шахсонро маъзур, яъне узрдор мегӯянд. Чунин ашхосро дини мубини ислом иҷозат додааст, ки намози худро бо вуҷуди мавҷуд будани узр адо кунад. Ҳатто агар чак-чаки мезак бошаду дар давоми намоз ҷорӣ шавад, либосаш бенамоз намешавад.Дини мубини ислом ба шахси маъзур фақат як вақти намозро иҷозат додааст. Агар вақти як намоз набаромада, барои намози дигар таҳорат мекунад, таҳорати ӯ эътибор надорад. Вақте намози нав баромад, вузуи нав бигирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД