Formula novemver 2024
Толибон кӯдакони ятимро ба ғуломӣ мефурӯшанд
1052

Ҳаводиси хунине, ки баъди сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон сар заданд, натанҳо боиси кушта шудани садҳо одамони бегуноҳ ва аз тарси ҷон рӯ ба гурез ниҳодани ҳазорон нафар мардуми афғон гашт, балки ба сари кӯдакони хурдсол низ фоҷиаву бадбахтӣ ва мусибатҳои зиёдеро овардааст...
Афғонистон рӯзҳои бисёр вазнинро аз сар мегузаронад, зеро дар кишвар қаҳтию гуруснагии шадид оғоз ёфтааст ва мардум ҳатто нони хӯрдан надоранд. Хавфи аз гуруснагӣ мурдан ба хурду калон таҳдид мекунад, махсусан табақаҳои камбизоати аҳолӣ аҳволи зоре доранд.
Аз ҳама бештар аз даргириҳои ахири Афғонистон кӯдаконе зарар дидаанд, ки волидонашон дар ин ҷанги бемаънӣ кушта шудаанд. Толибон аз бекасию бепарастории тифлакони ятим истифода бурда, духтарчаву писарчаҳои сағера мондаро ба ғуломӣ мефурӯшанд.
Забеҳуллоҳи Муҷоҳид-сухангӯи “Толибон” иддао намудааст, ки ғуломдорӣ дар Ислом муҷоз аст.
Сухангӯйи “Толибон” бо ин навиштаҳои худ аз фурӯши кӯдакони ятим дар баъзе вилоятҳои Афғонистон ба сифати бардаву ғулом ҷонибдорӣ намудааст.
Мо ҳама мардуми мусалмон ҳастем ва медонем, ки китоби муқаддаси Қуръон дар асре нозил гашта буд, ки ғуломдорӣ вуҷуд дошт, аммо магар дар асри ХХ1, дар замоне, ки режими ғуломдорӣ кайҳо барҳам хӯрдаву аз н дигар ному нишоне ҳам дар рӯйи олам боқӣ намондааст, ба ғуломиву бардагӣ фурӯхтани духтараку писаракони ятим мондае, ки худ дили шикаста ва ҳоли зоре доранд, магар аз рӯйи инсоф аст?!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД