Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ СУБҲИ 14-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2022
2959

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аз нафароне, ки боиси асабхаробиятон мегарданд, худро канор гиред. Баъди нисфирўзӣ маблағи пулии худро аз даст медиҳед. Аз шиносшавӣ бо нафароне, ки дар бурҷи асад ва савр таваллуд шудаанд, худдорӣ намоед. Агар имкон дошта бошед, бегоҳирўзиро дар оғуши табиат гузаронед.

Савр (21 апрел-22 май)

Сирри дили худро ҳатто ба наздикон фош насозед, вагарна тамоми гуфтаҳоятонро бар зидди худатон истифода мебаранд. Инчунин, бо нафаре, ки нисбаташ дар дил меҳру муҳаббат мепарваред, ҳамкорӣ накунед, вагарна қобилияти кориро аз даст дода, муваффақ намегардед. Бегоҳирўзӣ шуморо ба меҳмонӣ даъват мекунанд.

 

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рўз хобҳои мағшуш азиятатон дода, нотоб гаштанатон имконпазир аст. Мушкилоти хурди оилавӣ ё масъалаҳои молиявиро рафъ карданатон лозим меояд. Аз хариди калон ё маблағгузории калонҳаҷм худдорӣ намоед. Агар шумо мошин меронда бошед, дар роҳ бодиққат бошед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ягон мушкилиро ба уҳдаи худ нагиред, хусусан бо мушкили дигарон машғул нашавед. Бо мушкилиҳои хурди оилавӣ ва молиявӣ рў ба рў мегардед. Дар ин рўз дўстро аз душман фарқ кардан бароятон муяссар мегардад. Бештар бо кўдакон робита намуда, на танҳо табъатон болида мегардад, балки шодиву нишот ба даст меоред.

 

Асад (23 июл-23 август)

Рўзи бебарор аст. Мушкилиҳои ҳалношуда ё батаъхиргузошта аз нав пайдо шуда, боиси сарсониҳои зиёдатон мегарданд. Аз имтиҳони тақдир наҳаросида, ҷасурона ба пеш амал намоед, вагарна вазъият душвортар мегардад. Дар ин рўз хатари ҷароҳат бардоштан зиёд аст, аз ин рў, дар ҳама кор бодиққат ва эҳтиёткор бошед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рўзи бобарор аст. Бо осонӣ нақшаҳоятон амалӣ мегарданд. Ба кўмаки шахси бароятон наздик умед баста метавонед. Ягона чизе, ки боиси хирагии табъатон мегардад, ин муноқиша бо яке аз наздиконатон аст. Барои он ки кор ба ҷанҷоли калон напечад, оқилу дурандеш бошед. Агар имкон дошта бошед, бегоҳирўзӣ сайругашт намоед.

 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бо нафароне, ки аз шумо мақоми баландтар доранд, баҳсу мунозира накунед. Бо вуҷуди ҳақ буданатон ҳамсуҳбататон бо нуқтаи назари шумо розӣ намешавад. Хабари ногаҳонӣ боиси он мегардад, ки муносибатҳои ошиқонаро фаромўш намоед. Бегоҳирўзиро дар муҳити орому танҳоӣ гузаронед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рўз нисбати атрофиён қаҳру ғазабро раво набинед. Қабл аз он ки эҳсосоти манфиро ба дил роҳ медиҳед, оқибаташро андеша намоед. Асабу қувваи худро беҳуда сафр накунед. Нерўи худро барои ҷангу ҷанҷол сарф накунед. Ба меҳмонӣ рафтану қабули меҳмон хуб аст, зеро нофаҳмиҳои оилавӣ гум мешаванд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Кўшиш намоед, ки касеро ба мушкилоти худ ҷалб насозед. Эҳтимол нафаре ба шумо кўмак мерасонад, вале ин хизмати хирсона мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ба шарте комёб мегардед, ки ниятҳоятон пок бошанду дар сар мақсади ғаразнок надошта бошед. Дар масъалаҳои молиявӣ бурд намекунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рўзи бобарор аст. Эҳтимол имрўз барои рафъ намудани мушкилоти гуногун машғул шуданатон лозим меояд. Дар назди худ мақсадҳои калон нагузореду бо чанд кор якбора машғул нашавед. Ҳодисаи ногаҳонӣ ба ҳаёти шахсиятон бетаъсир намемонад. Серкорӣ ва бепарвоии шумо боиси хафагиву ранҷиши наздикон мегардад.

Давл (21 январ-20 феврал)

Дар ин рўз маблағи зиёди пулиро аз даст медиҳед. Хароҷоти калоне, ки шумо мекунед, бо сабаби дўстдори зиндагии роҳат доштани шумо ва мушкилоти фарзандонатон рух медиҳад. Боэҳтиёт бошед, тамоми корҳое, ки дар касбу кор ва ҳаёти шахсиятон рух медиҳад, назорат намоед. Ба зихнагӣ роҳ надиҳед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рўзи хубест барои харид кардан. Таъмири хона ва иваз намудани ҷойи ҷиҳози хона хуб аст. Ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, машғул нашавед, вагарна аз натиҷаи амалатон сахт руҳафтода мегардед. Кўшиши фиреб кардани ягон нафарро накунед. Ҳам асаби худ ва ҳам аз атрофиёнро хароб насозед.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД