Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз барои муҳаббат, эҷодкорӣ ва оғози корҳои нав рӯзи хеле мусоид аст. Шиносоии нав метавонад ба муносибати ҷиддӣ ва дарозмуддат табдил ёбад. Бо шахси дӯстдоштаатон суҳбати муҳим дар пеш аст, аз ин рӯ эҳсосотро идора карда, ба созиш омода бошед. Дар ҷои кор бо роҳбар баҳс накунед. Аз муноқишаҳои вобаста ба пулу мол худдорӣ намоед. Агар нияти тағйири парҳез дошта бошед, беҳтараш онро ба вақти дигар гузоред.
Савр (21 апрел-21 май)
Муносибати нави ошиқона шояд он гуна ки интизор будед, идома наёбад. Барои оромии рӯҳ сайругашт ва сафарҳои кӯтоҳ ба шумо фоида мерасонанд. Бо наздикон меҳрубон бошед ва муҳаббати худро ошкоро нишон диҳед. Дар кор фаъолият ва масъулиятшиносии шумо натиҷаи хуб медиҳад. Ҳангоми хароҷот эҳтиёткор бошед ва аз исрофкорӣ дурӣ ҷӯед. Агар аз бехобӣ ранҷ мекашида бошед, аввал усулҳои табиии беҳтар кардани хобро истифода баред.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Агар вақтҳои охир бо шахси наздикатон нофаҳмӣ доштед, он ба зудӣ аз байн меравад. Дар муносибатҳои шумо меҳру муҳаббат бештар мешавад. Имрӯз кӯшиш кунед дигаронро зиёд насиҳат накунед, ин метавонад боиси ранҷиши онҳо гардад. Барои оғоз кардани корҳои душвор ва лоиҳаҳои нав рӯзи муносиб аст. Соҳибкорон метавонанд созишномаҳои муфид ба даст оранд. Каме асабоният эҳтимол дорад, бинобар ин оромиро нигоҳ доред.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз аз муноқиша бо шахси дӯстдошта худдорӣ кунед, зеро сухани нодуруст метавонад муносибатро сард намояд. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, зеро хароҷоти ғайричашмдошт пеш омада метавонад. Маслиҳати шумо ба нафаре хеле муфид хоҳад шуд. Агар имкони нишон додани истеъдодатон пайдо шавад, онро аз даст надиҳед. Машқҳои ҷисмонӣ ва варзиш имрӯз ба саломатӣ ва нерӯи шумо таъсири хуб мерасонанд.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз муошират бо кӯдакон ё аъзои хурдсоли оила ба шумо рӯҳияи болида мебахшад. Барои оғоз кардани машғулиятҳои варзишӣ ё йога низ рӯзи хуб аст. Дар ҷои кор обрӯи худро ҳифз кунед ва аз амалҳое, ки метавонанд ба эътиборатон зарар расонанд, худдорӣ намоед. Бегоҳ барои харид вақти муносиб аст, метавонед ашёи заруриро бо фоида дастрас кунед. Саломатӣ хуб буда, худро пур аз нерӯ эҳсос хоҳед кард.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Агар муносибати ошиқона дигар шуморо хушбахт намекарда бошад, вақти он расидааст, ки воқеиятро қабул кунед ва қарор қабул намоед. Дар масъалаҳои оилавӣ бештар ба андешаи худ такя кунед. Имрӯз имкони иштирок дар лоиҳаи нав пайдо мешавад, ки метавонад роҳи зиндагии шуморо тағйир диҳад. Шиносоии муҳим низ эҳтимол дорад. Барои нигоҳубини саломатӣ ва зебоии худ вақт ҷудо кунед ва дар ҳолати зарурӣ ба духтур муроҷиат намоед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз эҳтимол аз рафтори шахси дӯстдошта каме ноумед шавед. Бо вуҷуди ин, барои амалӣ кардани нақшаҳои муҳим имкониятҳои хуб пайдо мешаванд. Ба наздикон фишор наоред, ин метавонад боиси баҳсу нофаҳмӣ гардад. Кори нав ё масъулияти иловагӣ қабул накунед, зеро аз интизорӣ душвортар мешавад. Аз ҷиҳати молиявӣ рӯзи хуб аст. Ҳангоми ғизохӯрӣ меъёрро риоя кунед, то вазни зиёдатӣ нагиред.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз ба ҳар сухан зуд бовар накунед ва пеш аз қабули қарор ҳама чизро бодиққат андеша кунед. Аввал корҳои муҳимро анҷом диҳед ва танҳо баъд ба масъалаҳои дигар машғул шавед. Дар иҷрои хоҳиши дигарон шитоб накунед, зеро он метавонад баъдан барои шумо мушкил эҷод кунад. Фаъолияти иҷтимоии шумо бештар мешавад. Барои истироҳат низ вақт ҷудо кунед, то аз хастагӣ эмин бимонед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз нерӯи эҷодӣ ва хоҳиши пешрафт дар шумо зиёд мешавад. Агар дар муносибатҳои ошиқона иштибоҳе карда бошед, имкони ислоҳи он пайдо мешавад. Дар оила баҳсҳо имкон доранд, вале бо суҳбати ором онҳоро ҳал кардан мумкин аст. Танбалиро канор гузошта, вақтро дуруст тақсим кунед. Барои сармоягузорӣ, харид ва гуфтушунидҳои корӣ рӯзи мусоид аст. Аз шамолхӯрӣ эҳтиёт кунед ва бештар ба саломатӣ аҳамият диҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз шумо бо рафтор ва суханони худ таваҷҷуҳи атрофиёнро ҷалб мекунед. Барои ҳал кардани тамоми мушкилоти дигарон масъулият нагиред, балки бештар ба худ ва оилаатон диққат диҳед. Дар ҷои кор заҳмататон қадр мешавад ва дастгирии ҳамкоронро эҳсос мекунед. Агар лоиҳаи калон оғоз карданӣ бошед, танҳо амал накунед. Барои истироҳат ва барқарор кардани нерӯи худ ҳатман вақт ҷудо намоед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз вақти муносиб барои суҳбати самимӣ бо шахси дӯстдошта аст. Агар чизеро пинҳон кунед, муносибат метавонад осеб бинад. Вазъи саломатии яке аз наздикон эҳтимол дорад нақшаҳои шуморо тағйир диҳад. Дар кор имкони сафари хизматӣ ё пешрафти касбӣ пайдо мешавад. Ҳангоми имзои ҳуҷҷатҳои муҳим бодиққат бошед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ варзишро фаромӯш накунед ва бештар ҳаракат кунед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Дар масъалаҳои муҳаббат эҳтиёткор бошед ва қарорҳои саросемавӣ қабул накунед. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли иштибоҳ ва нофаҳмиҳо зиёд мешавад, бинобар ин ба ҳар масъала боандеша муносибат кунед. Барои сафар, вохӯриҳои нав ва пайдо кардани шарикони корӣ рӯзи муносиб аст. Агар нияти харидани мошин дошта бошед, фурсати хуб фаро мерасад. Ҳангоми ғизохӯрӣ меъёрро нигоҳ доред ва аз шириниҳои зиёд худдорӣ намоед.