Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ҷаззобиятатон зиёд буда, барои шиносоӣ ва пайдо кардани дӯстони нав фурсати хуб фароҳам меояд. Дар муносибатҳои оилавӣ ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад. Корҳоро ба таъхир нагузоред ва бо ҷасорат амал кунед. Барои иваз кардани ҷойи кор, сармоягузорӣ ё гирифтани қарз рӯзи мусоид аст, аммо машварати шахси таҷрибадорро низ фаромӯш накунед. Варзиш ё сайругашт ба шумо нерӯи тоза мебахшад.
Савр (21 апрел-21 май)
Агар вақтҳои охир рафтори шумо тағйир ёфта бошад, эҳтимол касе дар дилатон ҷой гирифтааст. Барои раҳоӣ аз якрангии рӯзгор бо дӯстон вақт гузаронед ё ба кино равед. Дар ҷои кор ҳасади баъзе ҳамкорон эҳсос мешавад, бинобар ин оромиро нигоҳ доред. Ҳуҷҷатҳои молиявиро бодиққат санҷед. Ғизои солим ва меваю сабзавоти тару тоза рӯҳия ва нерӯятонро беҳтар мекунад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз миёни эҳсосот ва мантиқ мувозинат пайдо мекунед. Дар муносибат бо шахси дӯстдошта ҳамдигарфаҳмӣ бештар шуда, нофаҳмиҳои пешина аз байн мераванд. Сафарҳои корӣ ё вохӯрӣ бо шахсони бонуфуз имкон доранд ва метавонанд ба нафъи шумо анҷом ёбанд. Дар масъалаҳои молӣ ба ҳисси ботинии худ эътимод кунед. Агар рӯҳия нохуб шавад, аз ҳад зиёд ташвиш накашед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз барои шиносоии нав рӯзи муносиб аст, ҳарчанд муносибатҳо метавонад бо суръате пеш раванд, ки интизор надоштед. Масъалаҳои хонаводагӣ вақти зиёдатонро мегиранд. Агар таҷриба ва маҳорати шуморо қадр кунанд, метавонед дар бораи зиёд шудани маош суҳбат кунед. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Рӯз барои бахшиш, оромии рӯҳӣ ва оғози корҳои нав мувофиқ аст.
Асад (23 июл-23 август)
Дар муносибатҳои шахсӣ ростқавлӣ беҳтарин роҳи ҳалли мушкилот аст. Бо наздикон эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, бинобар ин ором бошед. Агар вазифаҳоятон аз ҳад зиёд шудаанд, дар бораи тағйири фаъолияти корӣ андеша кунед. Пеш аз қарз додан хуб фикр кунед. Варзиш, рақс ё сайругашт ба нигоҳ доштани саломатӣ ва рӯҳияи хуб мусоидат мекунад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз бахт ҳамеша ҳамроҳатон нест, аммо ҷаззобияти шахсӣ бисёр дарҳоро ба рӯятон мекушояд. Дар ҳаёти шахсӣ хабарҳои хуш интизор аст. Бо ҳамкорон ва атрофиён таҳаммулпазир бошед, то муносибатҳо вайрон нашаванд. Барои сармоягузории дарозмуддат рӯз мувофиқ аст. Агар бемории кӯҳна худро нишон диҳад, истироҳатро фаромӯш насозед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз воқеаи хуше рух медиҳад, ки дер боз интизораш будед. Вақтро бештар бо аҳли оила ва дӯстони наздик гузаронед. Дар баҳсҳо сахтгирӣ накунед, созиш кардан ба манфиати шумост. Корҳои оғозкардаро идома диҳед ва қарорҳои муҳимро шабона қабул накунед. Ба саломатӣ диққат диҳед, аз шамолхӯрӣ ё илтиҳобҳо эҳтиёт шавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
На ҳар таърифе, ки мешунавед, аз самимият аст, бинобар ин зуд бовар накунед. Гарчанде корҳои хона зиёд мешаванд, натиҷаи онҳо ба шумо эҳсоси роҳат мебахшад. Барои гуфтушуниди корӣ ва бастани шартномаҳо рӯзи хуб аст. Имкони пайдо кардани манбаи нави даромад вуҷуд дорад. Нерӯи зиёд доред, онро барои корҳои муфид истифода баред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз ба зиндагии шахсӣ бештар аҳамият диҳед, баъзе имкониятҳо такрор намешаванд. Шитобкорӣ накунед, то ба иштибоҳ роҳ надиҳед. Дар кор устуворӣ ва ҷасорат натиҷаи хуб меорад ва ҳатто пешрафти мансабӣ имконпазир аст. Ҳар қадаматон бояд ҳадафи равшан дошта бошад. Агар бемории музмин дошта бошед, чораҳои пешгирикунандаро риоя кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз вақти муносиб барои изҳори эҳсосоти пинҳонӣ нест. Дар хона эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ худро идора кунед. Пеш аз оғоз кардани кори нав имкониятҳои худро дуруст арзёбӣ намоед. Барои сармоягузорӣ ё хариди калон рӯз чандон мувофиқ нест. Ба саломатӣ, махсусан ба дилу рагҳои хун, диққати бештар диҳед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Агар шумо нав оиладор шуда бошед, аз рӯи баъзе одатҳои шарики зиндагӣ байнатон нофаҳмӣ сар мезанад. Бо ҳамсояҳо ё наздикон аз баҳси беҳуда худдорӣ кунед. Имрӯз барои нишон додани истеъдод ва кор дар гурӯҳ рӯзи хуб аст. Имкони пардохти қарзҳо ва беҳтар шудани вазъи молӣ вуҷуд дорад. Нерӯятонро беҳуда сарф накунед ва аз ҷанҷолҳо канорагирӣ намоед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз ҳаёти шахсӣ метавонад бо тағйироти хуш оғоз шавад. Хабари деринтизор нақшаҳои шуморо дигар мекунад. Ба хоҳишҳои аъзои оила бо меҳрубонӣ муносибат кунед, вале қабл аз ҳар амал хуб андеша кунед. Имкони баланд шудани обрӯ дар хона ё ҷои кор вуҷуд дорад. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва барои пешгирии шамолхӯрӣ бештар сайругашт кунед.