ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
1278

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Дар ин рӯз қарорҳои душвор мегиред, вале нагузоред, ки ҳар кӣ хост, ба шумо маслиҳат диҳад. Имрӯзро ба аҳли хонадон бахшед, меҳрубон бошеду ба наздикон хурсандӣ биёред. Эҳтимоли сафар ё рухсатӣ вуҷуд дорад, барои он пешакӣ омодагӣ бинед. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Дар ин рӯзҳо корҳои нав оғоз накунед. Агар табобат ё муоина дар нақша дошта бошед, ба таъхир нагузоред.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз барои ҷустуҷӯи ҳамсар вақти муносиб аст, фаъол бошед, то бахтро аз даст надиҳед. Хешовандони ҷавон аз шумо кумак мехоҳанд, масъулияти оилавиро эҳсос мекунед. Дар касбу кор комёбӣ ва сюрпризҳои гуворо интизор аст. Беэҳтиётӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ метавонад мушкил оварад. Рӯз барои харид ва кумак ба дигарон мувофиқ аст. Реҷаи хӯрокхӯриро риоя кунед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз сабр ва эҳтиёт лозим аст. Беҳтараш корҳои нав оғоз накунед ва таҷрибаҳои хавфнокро канор гузоред. Дар касбу кор аз роҳҳои санҷидашуда истифода баред. Эҳтимол имкони нави даромад ё сарфаи пул пайдо шавад. Ба ғизои худ диққат диҳед, муҳлати маҳсулотро санҷед. Беҳтараш танҳо вақте маслиҳат диҳед, ки аз шумо хоҳиш мекунанд. Эҳсосотро идора кунед, рӯз пур аз зиддият хоҳад буд.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз аз шиносоиҳои нав худдорӣ кунед, давраи муносиб барои муҳаббат нест. Энергияи зиёд доред, онро ба кор ва лоиҳаҳои душвор равона кунед. Саломатӣ ва рӯҳбаландӣ беҳтар аст, аз ин рӯ, амалан ҳар корро метавонед анҷом диҳед. Аз қарз додан ва муомилаи молиявӣ бо дӯстону наздикон худдорӣ намоед. Дар рӯзҳои наздик аз сафар ё мулоқоти ҷолиб баҳра мегиред, вале аз хастагӣ эҳтиёт кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз эҳтиёткор бошед, эҳтимоли нофаҳмӣ бо наздикон ва мушкили техникӣ вуҷуд дорад. Масоили хонаводагӣ, бахусус қарзҳо ё пардохтҳо, диққати шуморо талаб мекунанд. Тамоси хуб бо дигарон метавонад фоида оварад, вале аз содадилӣ парҳез кунед. Мумкин аст маблағи ғайриинтизор ба даст оред, мукофот ё бурд. Ба ҷои андуҳ, беҳтараш ба варзиш машғул шавед, барои рӯҳу ҷисм судманд аст.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз ба гузашта нигоҳ накунед ва ба дили худ гӯш диҳед. Наздикон барои ҳалли масъалаҳои душвор ёрӣ мерасонанд. Дар касбу кор метавонед қобилияти роҳбариро нишон диҳед, рӯзи хуб барои пешрафти касбӣ аст. Агар қарздор бошед, эҳтимол қарздиҳанда шуморо ба ёд орад. Аз стресс ва изтироб канораҷӯӣ кунед, истироҳат ва оромӣ барои саломатиятон муҳиманд. Каме вақтро танҳо барои худ ҷудо кунед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз рӯҳбаланду пурэҳсос ҳастед. Мумкин аст дар оила нофаҳмие рӯй диҳад, сабрро аз даст надиҳед. Дар кор ё сафар комёбӣ интизор аст, ҳатто шонси пешравии шахсӣ доред. Аз эҳсосоти шадид ҳангоми имзои шартномаҳо парҳез кунед. Дар нисфирӯзӣ хастагӣ эҳсос мекунед, вақт ҷудо кунед, то қувват барқарор шавад. Рӯз барои ошиқӣ ва шодӣ муносиб аст, вале эҳтиёт ҳам лозим.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз беҳтараш на ба муҳаббат, балки ба кор диққат диҳед. Вақтро ба корҳои хонагӣ бахшед, натиҷаатон хушоянд хоҳад буд. Барои гуфтушунид ё имзои шартномаҳо рӯзи хуб аст. Имкони гирифтани мукофот ё бонус вуҷуд дорад. Шом ором бошед, дар бораи чизҳои хуб фикр кунед ва стрессро аз худ дур намоед. Шабро бо эҳсоси оромиву шукргузорӣ ҷамъбаст кунед, ин ба шумо нерӯ мебахшад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз метавонад шиносоии ғайричашмдошт сурат гирад, вале эҳтимол он ҷиддӣ набошад. Дар хона бо сабру диққат бошед. Дар кор масъулият ва устувории шумо аз ҷониби роҳбарон қадр мешавад. Имкони афзоиши даромад ҳаст, вале саросема сармоягузорӣ накунед. Саломатӣ хуб аст, энергия баланд, вақти муносиб барои анҷоми нақшаҳои деринҷом. Рӯҳияи мусбататон дигаронро низ илҳом мебахшад.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз суханатон таъсирбахш аст, метавонед диққати атрофиёнро ба худ ҷалб кунед. Нафарони танҳо шонси шиносоии нав доранд. Бо наздикон эҳтиёткор бошед, то нофаҳмӣ пеш наояд. Рӯз пурмасъулият аст. Эҳтимол маблағи хуб ба даст оред. Агар мехоҳед вазн кам кунед, бештар ҳаракат кунед, бо гурусна гаштан хароб намешавед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Дар муносибатҳои ошиқона эҳтиёт шавед, шахси сеюм метавонад байнатон нофаҳмӣ барангезад. Имрӯз барои баҳс ва ҷанҷол вақти бад аст. Энергияи зиёд доред, онро ба корҳои нав ва лоиҳаҳо равона созед. Имкони бурд ё фоидаи хурд вуҷуд дорад. Аммо аз кори ҷисмонии вазнин худдорӣ кунед. Беҳтар аст вақтро бо наздикон ё дӯстон гузаронед, онҳо ба шумо оромиву нерӯ мебахшанд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Аз одамони ҳасуд ва сухангӯ дурӣ ҷӯед. Имрӯз беҳтараш ба дили худ бовар кунед, на ба маслиҳати дигарон. Қарорҳои муҳими ҳаётиро танҳо бигиред. Мушкилоте, ки рӯй медиҳанд, имтиҳони сабр ва хираданд, онҳоро оромона қабул кунед. Амалҳои некатон бе ҷавоб намемонанд. Барои саломатӣ машқи сабук, шиноварӣ ё давиданро оғоз кунед, ин ба шумо қуввати нав мебахшад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД