arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2024
4235
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2024

 

Ҳамал

Рӯзи душвор аст. Бо одамони ношинос муноқиша кардан ё вохӯрӣ бо душманатон имкон дорад. Бегоҳирӯзӣ омадани меҳмонон ё хешовандон шуморо дар ҳоли ногувор мегузорад. Барои рафъ намудани муноқиша бо нафарони калонсол ё ҳамсари худ сабр ва одоби муоширатро риоя намоед. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна дар назар аст.

Савр

Қабл аз кореро кардану ҳарферо ба забон овардан нағзакак андеша намоед. Мушкилиҳои зиёде, ки ба сари шумо меоянд, бо сабаби худро идора карда натавонистанатон рух медиҳанд. Хусусан муносибатҳои ошиқонаатон низ бо сабаби гуфтори беандеша нохуб мегардад. Агар як хобро ду бор бинед, он амалӣ мешавад. Нафароне ки фишорбаландӣ доранд, боэҳтиёт шуданро тавсия медиҳем.

 

 

Ҷавзо

Бо шахсе вомехӯред, ки дар дилу дидаатон ҷо мегирад. Шумо кайҳо боз дар ҷустуҷӯйи шахси аҷибу хушчақчақ будед ва дар аввал ба чунин бурдборӣ бовариятон намеояд. Хушбахтии худро овоза накунед. Хонаву дари худро аз ифлосиҳо тоза кунед, вагарна бетартибиву бесаранҷомӣ асабатонро хароб месозад. Дар табобати бемориҳо аз ҳад зиёд дорувориҳоро истифода набаред. Маоши худро ба зудӣ сарф накунед, вагарна чанд рӯзи дигар азоби бепулӣ мекашед.

 

Саратон

Дар ҳама кор ботаҳаммул, бодиққат ва оқил бошед. Аз кори вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштану хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. Аз робита бо нафарони ношинос худдорӣ намоед. Ба доми фиреб афтидану гирифтори фишор ва ғорат гаштанатон имконпазир аст. Мулоқоти ошиқонаро ба рӯзи дигар гузоред. Маблағи дар киса доштаатонро сарфакорона истифода баред.

 

 

 

Асад

Дар муносибатҳои шахсӣ ва оилавӣ душвориҳо рух медиҳанд. Тақдир бори дигар шуморо имтиҳон мекунад. Ба доираи нафарони бевиҷдон афтиданатон имкон дорад. Хароҷоти ногаҳонӣ набояд табъатонро хира созад. Дар ҳама ҳолат наздикон ва шахси дӯстдоштаи худро бо меҳру муҳаббат фаро гиред. Аз хӯрокҳои равғанин ва ширинӣ худдорӣ намуда, саломатиятонро беҳтар месозед.

 

Сунбула

Мардҳои дар мучали асад тавлидёфта дар масъалаҳои молиявӣ набояд сабукандешӣ намоянд. Ҳама гуна тағйирот оқибати ногувор меорад. Бонувон гирифтори асабхаробӣ мешаванд. Як ҳарфи ноҷо ё эҳсосоти зиёд боиси вайрон шудани муносибат бо шахси дӯстдоштаатон мегардад ва ҳатто кор ба ҷудоӣ мерасад. Ба қаҳва ва сигор дил бастанро маслиҳат намедиҳем.

 

Мизон

Рӯзи санҷишу ташвишу изтироб аст. Танҳо оромиро пеша намуда, бурд мекунед. Ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки боиси асабоният ва қаҳру ғазаби шумо мегардад. Ҳатто камтарин ҷанҷол бо нафароне, ки дӯсташон медоред, боиси муноқишаи калон ва ҳатто ҷудоӣ мегардад. Сарфакорӣ шуморо аз мушкилиҳои молиявӣ эмин медорад.

 

Ақраб

Рӯзи тавбаву надомат, бахшиши гуноҳҳо аст. Кинаву адоватро аз дил дурр намуда, болидаруҳ мегардед. Бо нафароне, ки дӯсташон медоред, ба дағалӣ роҳ надиҳед. Тамоми имкониятҳоро барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ истифода баред. Дар ин рӯз маблағи пулӣ ба даст оварданатон душвор аст. Ба хабаре, ки баъди нисфирӯзӣ мешунавед, бовар накунед.

 

 

 

Қавс

Тақдир бори дигар бароятон санҷишу имтиҳон пеш меорад. Масъалаҳои молиявиатон ба таври бояду шояд амалӣ намегарданд. Бемории тасодуфӣ нақшаҳои пештараатонро халалдор месозанд. Ба нафарони бевиҷдон бовар карда, ҳам маблағи пулиро аз даст медиҳеду ҳам асабатон хароб мегардад.

 

Ҷаддӣ

Барои оғози кори нав рӯзи бобарор нест ва дар муносибатҳои шахсиву оилавӣ мушкилиҳо имкон доранд. Кӯшиш намоед, ки муносибатҳоятон бо роҳбарияти коргоҳ вайрон нашавад. Имконияти беҳтар сохтани вазъи саломатиятон пеш меояд. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид нест. Маблағи дар даст доштаро зуд ва беҳуда сарф мекунед.

 

 

Далв

Рӯзи хубест барои харид кардану таъмири хона. Орзуву ниятҳоятонро амалӣ месозед. Худро аз ҳад зиёд хаста насозед, вагарна ба саломатиятон таъсири манфӣ мерасад. Мушкилиҳои дар ин рӯз ба саратон омадаро дар танҳоӣ рафъ карда наметавонед. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонад.

 

Ҳут

Рӯзи хубест барои корҳои дар якҷоягӣ ба анҷом додаатон. Бегоҳирӯзӣ тамоми имкониятҳоро барои беҳтар сохтани ҳаёти шахсӣ истифода баред. Ба вазъи молиявиатон нигоҳ карда хароҷотро ба нақша гиред. Барои он ки бо дӯстдоштаатон муносибатҳоятон вайрон нагардад, дурандеш бошеду дар баъзе ҳолатҳо гузашт кунед. Саломатии худро дар мадди аввал гузоред.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД