Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз мулоқоти гуворое пеш меояд, ки метавонад оғози муносибати ҷиддӣ гардад. Ба дахолати шахсони бегона ба корҳои оилавӣ роҳ надиҳед. Барои расидан ба ҳадафҳо ҳамкорӣ бо ҳамкорон зарур аст. Имрӯз эҳтимоли осеб дидан зиёд аст, эҳтиёткор бошед. Ҳамзамон, лаҳзаи хубест, то фаҳмед, оё шумо низ аз онҳое ҳастед, ки аз ҳеҷ чиз пул месозанд?
Савр (21 апрел-21 май)
Дар муҳаббат тағйироти ғайриинтизору гуворо дар пеш аст. Агар шаби гузашта хобе аҷиб дидед, онро ба касе нагӯед. Ба оилаи худ ва вақтгузаронии муштарак аҳамият диҳед. Дар кор кӯшишҳо бенатиҷа намемонанд. Кӯшед як манбаи устувори даромад дошта бошед. Имрӯз рӯҳияатон чандон хуб нест, аммо ба чизҳои дӯстдошта машғул шуда, онро беҳтар сохтан мумкин аст.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз аз шитобзадагӣ дар шинохти одамон худдорӣ намоед. Дар муносибатҳои шахсӣ нофаҳмиҳо эҳтимол доранд. Вале тағйироти мусбат низ дар пешанд. Шояд бо дӯстони кӯдакиатон вохӯрӣ сурат гирад. Барои расидан ба ҳадаф, нақшаи муфассали ҳаррӯзаро тартиб диҳед. Дар масъалаи молиявӣ эҳтиёткор бошед, эҳтимоли бе пул монданатон зиёд аст. Бо рафъи фикрҳои манфӣ, саломатии шумо беҳтар мегардад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Муносибатҳои шахсӣ бояд пинҳонӣ боқӣ монанд, танҳо ҳамин тавр аз овозаҳо эмин мешавед. Агар мехоҳед ишқро ба сатҳи нав бардоред, ба ҳамсафаратон ишора кунед, ки мехоҳед сафари ошиқона дошта бошед. Агар худро болотар аз вазифаи ҷорӣ эҳсос мекунед, онро ба роҳбари худ нишон диҳед. Аз нӯшидани қаҳва ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ кунед, фишори хун метавонад баланд шавад.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз дилатон пур аз муҳаббат мешавад. Ҳаяҷон ва эҳсосоти гарм зиндагиро ранги дигар мебахшанд. Барои дигарон аз баъзе манфиатҳои шахсӣ чашмпӯшӣ кардан лозим мешавад. Дар ҳуҷҷатгузорӣ эҳтимоли иштибоҳ зиёд аст, шитоб накунед. Заҳматҳо самар хоҳанд дод, вазъи молиявӣ муътадил мемонад. Ҳатто агар ҳоло худро хуб ҳис кунед, дар бораи саломатӣ ҷиддӣ андеша кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз эҳтимоли шиносоии муҳиме вуҷуд дорад, шояд маҳз дар мағозаи шиносе, ки ҳамеша меравед. Вақти хубест барои истироҳати хонаводагӣ ва дарёфти неруи тоза. Дар кор лозим меояд сахт меҳнат кунед, натиҷаҳо шуморо рӯҳбаланд хоҳанд кард. Аз ҷойҳои серодам, хусусан бозору нақлиёти ҷамъиятӣ худдорӣ намоед, хатари дуздӣ вуҷуд дорад. Эҳсосоти зиёд метавонад ба шумо зарар расонад, ором бошед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз ростқавл бошед - бо худ ва бо ҳамсари ояндаи худ. Агар розе дар дил доред, шояд маҳз он сабаби нооромии шумост. Аз ҳарфҳои сахт худдорӣ кунед, онҳо метавонанд муносибатҳоро вайрон кунанд. Сафаре, ки барномарезӣ шуда буд, метавонад ба сабаби тағйири вазъият ба таъхир афтад. Муносибат бо ҳамкорон низ метавонад душвор гардад. Парҳези сабзавотӣ барои поксозии бадан фоиданок хоҳад буд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз эҳсосоти ошиқона шуморо фаро мегиранд, ҳатто гузаштаҳо ба ёд хоҳанд омад. Дар муносибатҳои шахсӣ тағйироти ҷиддӣ пешбинӣ мешаванд, эҳтиёт шавед, ки ба доми овозаҳо наафтед. Дар кори худ фаъол бошед, шояд имкони пайдо кардани шарики нав ё муштарӣ пайдо шавад. Ба маслиҳати одамони таҷрибадор гӯш андозед. Парҳези солим ба натиҷаҳои хуб меорад. Ба аҳволи фарзандон ва наздикон таваҷҷуҳ зоҳир намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз бояд ҳақиқатро бигӯед, ҳатто агар душвор бошад. Дар ҳаёт ҷой барои лаззат низ ҳаст, вақти он расидааст, ки каме ором гиред ва кореро анҷом диҳед, ки дӯст медоред. Дар кор муваффақият интизори шумост, таҷрибаи худро бо дигарон мубодила кунед. Аммо тағйироти ногаҳонӣ метавонанд нақшаҳои шуморо тағйир диҳанд. Энергияи зиёдро ба машқи ҷисмонӣ равона кунед, ин беҳтарин роҳи рафъи изтироб аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ҳаёти шахсӣ тағйироти хуш пеш меояд, эҳтимол шахсе шуморо ба мулоқот даъват мекунад, ки дер боз ба шумо писанд аст. Ба наздикон боэътимод бошед, онҳо шуморо дастгирӣ мекунанд. Қарори муҳим дар пеш аст, пеш аз интихоб ҳама ҷонибҳоро баррасӣ кунед. Имрӯз хабарҳои хуш дар бораи маблағу музд эҳтимол доранд. Вале як масъала хотирҷамъии шуморо вайрон мекунад, онро танҳо ҳал накунед, бо дигарон маслиҳат кунед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Агар то ҳол оиладор нашудаед, вақти хубест, ки бештар дар берун гардед, шояд бо шахси сарнавиштсоз вохӯред. Дар хонавода аз ҳарфҳои сахт парҳез кунед, ҳатто агар асабӣ шавед ҳам. Дар кор мушкилот рӯй медиҳад, аммо роҳбар сахтгир нахоҳад буд. Метавонед хариди деринтизореро анҷом диҳед ё маблағ захира намоед. Аммо аз машқҳои ҷисмонии шадид худдорӣ кунед, эҳтимоли ҷароҳат вуҷуд дорад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз мулоқоту шиносоии нав дар пеш аст, фурсати хуб барои нишон додани шахсияти худ дар суҳбати самимӣ. Касеро танқид накунед ва ба дигарон сахтгир набошед, ин метавонад ба ҳаёти шахсӣ таъсири манфӣ расонад. Ба кор дар рӯзҳои истироҳат розӣ нашавед, оила низ муҳим аст. Ба дарди миён диққат диҳед.