Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 28-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2025
1773

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Ҳар боре, ки дигарон аз рафтори шумо ҳайрон мешаванд, шумо худатонро зери суол мегузоред. Оё шумо дарк кардаед, ки баъди ин муддати дароз дар бораи рафтори худ фикр мекунед? Ҳар нақшае, ки дар хаёлот месозед, то чӣ андоза воқеият дорад? Вақти он расидааст, ки бедор шавед, Ҳамалҳо! Ба дигарон мутобиқ шуданро бас кунед. Худро қабул кунед ва аз худ будан лаззат баред. Беҳтараш худро бо тамоми камбудиву беҳбудиатон қабул кунед ва дӯст доред!

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз муносибати дӯстдоштаатонро нисбати худатон баррасӣ кунед. Оё шумо он хислатҳоеро, ки дар симои шахси дӯстдоштаи худ дидан мехостед, пайдо кардед? Феълан шумо дар роҳи худсозӣ қарор доред. Аз ин рӯ, худатонро дӯст доред, ҳатто вақте ки худро ноком мебинед. Руҳафтодаву ғамгин набошед. Танҳо бо ҳамин васила метавонед ҳаёти худро тағйир диҳед. Ба худатон раҳм кунед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Ҳамаи чизҳое, ки мо дар зиндагӣ таҷриба мекунем, интихоби мо ҳастанд, ҳатто монеаҳое, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мешавем. Ба ҳар мушкил ҳамчун дарсе нигоҳ кунед, ки ба рушди рӯҳии шумо мусоидат мекунад. Ҳар чизе ки лозим аст, алакай дар шумо мавҷуд аст: дониш, таҷриба ва қувват. Ҳамаи онҳоро истифода баред! Барои ҳалли мушкилот ҳамаи имконотро истифода баред.

Саратон (21 июн-22 июл)

Шояд шумо худатон монеаи асосии зиндагии худ ҳастед? Аз доираҳои маҳдудкунандаи фикрӣ ва нақшаҳои нолозим берун шавед. Оё шумо дарк мекунед, ки баъзан мушкили асосӣ дар фикрҳои шумост? Энергияи худро ба замин пайваст кунед ва мушкилоти воқеии худро бинед. Дар муносибатҳо, аз вазъиятҳои муноқишавӣ дурӣ ҷӯед. Вақте расидааст, ки бояд ҷиддан аз пайи саломатӣ шавед.

Асад (23 июл-22 август)

Баъзан вазъиятҳои нав ва ношинос ҳам ҳаяҷоновар ва ҳам тарсноканд. Ҳангоми мулоқот бо одамони нав фикр мекунед, кадом қисми зиндагии худро кушоед ва кадомро махфӣ нигоҳ доред? Асадҳо, аз ин ҳама андешаҳои доимӣ хаста нашудаед? Барои озод шудан аз ин ҳолат, худро бидуни пинҳонкорӣ нишон диҳед. Ҳамон тавре бошед, ки ҳастед. Ба хотири ба касе писанд омадан худро азият надиҳед. Бигзор шуморо ҳамин гуна қабул кунанд.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Дар ҳар як лаҳза шумо ду интихоб доред: роҳи дурустро интихоб кардан ё роҳи осонро. Имрӯз ба худ савол диҳед, ки кадомашро интихоб мекунед ва чаро. Муносибатҳои шумо бо дигарон метавонанд аз сабаби нофаҳмиҳо осеб бинанд. Барои беҳтар сохтани вазъият, бо атрофиён ё шахси дӯстдоштаи худ ҳам самимона ва ошкоро суҳбат кунед. Яке аз ғалатҳое, ки шумо дар зиндагӣ мекунед, ин нисбати саломатии худ бепарво буданатон аст.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Ба ишқҳои тези ногаҳонӣ чӣ назар доред? Имрӯз вазъият метавонад чунон зуд тағйир ёбад, ки шумо ба фикр кардан вақт намеёбедд. Ба ҷои муқовимат кардан, бо дӯстдоштаи худ дар якҷоягӣ амал кунед. Шояд шумо бо шахси наздик ба сафари хотирмон равон шавед, ки муносибати шуморо боз ҳам наздиктар мекунад. Аз лаҳзаҳои ногаҳонӣ ва одамоне, ки нав шинос мешавед, натарсед ва онҳоро қабул кунед!

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Сирри муносибатҳои муваффақ дар он аст, ки бештар ба гапу андешаи атрофиён гӯш диҳед ва камтар гап занед. Дар муносибатҳо меҳрубонӣ, раҳмдилӣ ва ҳамдардиро машқ кунед. Шумо дар ин ҷода хеле пеш рафта истодаед. Шояд шумо ҳатто бо шахси наздикатон иртиботи хосе барқарор кунед, ки бо як нигоҳ якдигарро фаҳмед. Меҳрубонӣ ва раҳмдилиро дар дил парваред.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Ҳамаи мушкилиҳои сахт паси сар шуданд. Шумо аз ин ҳолат қавитар, устувортар ва бо омодагии бештар берун омадед. Имрӯз вақти хуш гузаронидан бо наздиконатонро дар авлавият гузоред. Шояд ягон рӯйдоди муҳим, ба мисли хонадоршавӣ ё ҷашни бузург пеш ояд. Ин лаҳзаҳо шуморо боз ҳам хушбахттар мегардонанд. Бештар хурсандӣ ва ханда кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Барои бартараф кардани изтироб се қадам гузоред: 1) нафаси чуқур кашида, худро ором кунед, 2) тарсу ҳаросҳои худро ошкор кунед ва онҳоро воқеӣ бубинед, 3) аз наздикони худ кумак пурсед. Ҳамаи ин ба шумо кӯмак мекунад, ки сабуктар зиндагӣ кунед. Ба тарсу ҳарос дода нашавед, ва онҳо аз байн мераванд. Беҳтараш бо дӯстдоштаи худ бештар вақт гузаронед. Бо сабаби он ки пулро захира карда наметавонед, эҳтимоли азоби бепулӣ мекашед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Нафароне, ки дар ин рӯз зодрӯз доранд, меҳрубониву муҳаббати наздиконро эҳсос карда, хеле хурсанд мешаванд. Дӯстдоштаатон шуморо дар ин рӯз эркаву навозиш мекунад. Агар шумо аз нафаре кумаки молиявиро интизор бошед, беҳтараш худатон аз пайи пулҷамъкунӣ шавед. Дар ин шабу рӯз касе ба шумо пул туҳфа намекунад. Беҳтараш роҳҳои нави даромади пулиро пайдо намоед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Баъзан истироҳат кардан лозим аст, то қувват гиред ва худро дубора бардам эҳсос кунед. Агар ҷисми шумо истироҳат талаб кунад, онро рад накунед. Ба худ истироҳат иҷозат диҳед, агар организматон онро талаб кунад. Ба дӯстдоштаи худ аз ҳад зиёд рашк карда, сабабгори муноқишаву нофаҳмӣ мегардед. Ба саломатии наздикони худ бештар диққат диҳед. Агар мошин меронда бошед, беҳтараш имрӯз суръати мошинро баланд накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД