Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 27-УМИ МАРТИ СОЛИ 2025
1801

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Давраи тағйирот фаро мерасад ва муносибатҳои шахсии шумо ҳамон тавре ташаккул хоҳанд ёфт, ки шумо мехоҳед. Ба ҳолати эҳсосии ҳамсаратон диққат диҳед, зеро эҳтимол аст, ки дар ҳаёташ душвориҳое пайдо шудаанд, ки беҳтар аст бо ҳам ҳал кунед. Нафароне, ки аз фишорбаландӣ ё бемориҳои дил ранҷ мебаранд, дар нимаи рӯз эҳтимоли худро бад ҳис карданашон дар назар аст.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз эҳтимол аст, ки маълумоти нодуруст гиред, ки метавонад боиси ранҷиш ва ҷанҷол гардад. Агар эҳтиёткор набошед, эҳтимоли низоъҳои оилавӣ ё нофаҳмӣ бо ҳамсар зиёд мешавад. Дар ҳама ҳолат худро бояд ба даст гиред. Агар рӯзҳои охир сахт меҳнат карда бошед, каме истироҳат кунед ва қувваи худро барқарор намоед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Рӯзи душвор ва нофаҳмо аст. Ҳамсоягони нав метавонанд барои шумо нофаҳмиҳо эҷод кунанд, аммо шояд ин амалашон қасдан набошад. Беҳтараш мунтазир шавед, то онҳо таъмири худро ба анҷом расонанд. Эҳтиёт бошед, то обрӯи худро зери хатар нагузоред! Муносибати ошиқона дар ҷои кор метавонад ба нуфузи шумо зарар расонад. Дар ҷойҳои серодам пулу моликияти шахсиро бодиққат нигоҳ доред, зеро хатари дуздӣ ё фиребгарӣ зиёд аст.

Саратон (21 июн-22 июл)

Бо вуҷуди серкорӣ барои наздикон ва дӯстдоштаи худ вақт меёбед. Ба корҳои бегонаҳо дахолат накунед, то онҳо мушкили шахсии шумо нагарданд. Дағалии шумо метавонад боиси муноқиша гардад. Роҳбарият нисбат ба шумо муносибати хубтар хоҳад дошт. Хароҷоти бефоида накунед ва ба касе қарз надиҳед, зеро ба наздикӣ ба маблағи калон ниёз пайдо мекунед. Аз сафарҳои дур ва кори ҷисмонии зиёд худдорӣ намоед.

Асад (23 июл-22 август)

Дили худро кушоед ва муҳаббатро ба ҳар лаҳзаи ҳаёти худ ворид созед. Ба давраи стресс дар кор омода бошед, аммо наздиконро низ фаромӯш накунед. Одати фармондеҳӣ ва майли ҳама чизро назорат карданро дар ҷои кор монед. Агар дар пойҳоятон ҳисси вазнинӣ ё варам пайдо шавад, ваннаи гарм барои пойҳо ва баъдан душ кӯмак хоҳад кард.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Агар шумо муддати тӯлонӣ аз муҳаббати яктарафа азоб кашида бошед ё дар ҷустуҷӯи ҳамсафари зиндагӣ ноумед шуда бошед, бидонед, ки замони шумо расидааст! Атрофиён фидокорӣ, ростқавлӣ ва адолатхоҳии шуморо қадр хоҳанд кард. Имрӯз бояд беҳтарин маҳорати касбии худро нишон диҳед. Аз хӯрокҳои равғанин ва нӯшокиҳои газнок худдорӣ намоед, зеро ғизои носолим ба саломатии шумо таъсири манфӣ мерасонад.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Ба маслиҳати дӯстон гӯш диҳед, аммо ниҳоятан ба садои дили худ пайравӣ намоед. Агар то ҳол дар муносибатҳои ошиқона набошед, эҳтимол вохӯрии ғайричашмдошт ба муносибати наздик табдил ёбад. Рӯзи хубест барои тозагию тағйири тарҳи хона, эҳсос мекунед, ки фазои зиндагиятон дигар мешавад. Субҳ эҳтимоли сардард вуҷуд дорад, вале то нисфирӯзӣ рафъ мешавад. Шомро ба истироҳат ва барқарорсозии нерӯ бахшед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯзро бо шахси наздикатон гузаронед, ин метавонад муносибати шуморо боз ҳам мустаҳкамтар кунад. Масъалаҳои манзилро нодида нагиред, зеро ҳалли онҳо вақти муносибро талаб мекунад. Аз баҳсҳо ва қаҳру ғазаб худдорӣ кунед, вагарна мумкин аст чизе бигӯед, ки пушаймон мешавед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, имкон дорад, ки шуморо ба қаллобӣ ҷалб кунанд. Тамоми ҳуҷҷатҳоро бодиққат санҷед ва аз хастагии ҷисмонӣ ва эҳсосӣ худдорӣ намоед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Шумо ба оромона пеш рафтан одат кардаед, аммо имрӯз дар зиндагиятон тағйирот сар мезанад. Имкониятҳои хуб барои пешрафти касбӣ пеш меоянд, аммо талош кардан лозим аст. Қарорҳои муҳимро қотеъона қабул кунед, зеро созишномаҳои охирин метавонанд даромади хуб оваранд. Имрӯз нерӯ ва боварӣ ба худ зиёд мешавад, пас аз он барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода баред.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Муносибатҳои дӯстона гоҳе метавонанд ба чизе бештар табдил ёбанд, аммо эҳтиёт шавед, баъзан дӯстӣ метавонад ба душманӣ табдил ёбад. Дар муносибатҳои шахсӣ нофаҳмиҳо имкон доранд, бинобар ин, оромиро нигоҳ доред ва роҳҳои созишро ҷустуҷӯ кунед. То ҳадди имкон, худро аз баҳсҳои нолозим дур нигоҳ доред, то муноқиша бо ҳамкорон ва дӯстон пешгирӣ шавад. Имрӯз аз рондани мошин худдорӣ намоед ва дар масъалаҳои молиявӣ ҳушёр бошед – содагии зиёд метавонад ба талафоти пулӣ оварда расонад.

Далв (20 январ-18 феврал)

Рашкро аз худ дур кунед – он танҳо нишонаи ноамнӣ ва боварӣ надоштан аст. Агар аз рашк халос нашавед, он метавонад муҳаббати шуморо хароб кунад. Нимаи дуюми рӯз ихтилофҳо дар оила мумкин аст, ки бо сабаби рафтори яке аз аъзои оила рух медиҳад. Дар масъалаҳои молиявӣ танҳо ба ҳисси ботинӣ такя накунед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, зеро эҳтимоли гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ зиёд аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Бо наздиконатон меҳрубон бошед ва онҳоро бештар дарк кунед, зеро ихтилофҳои хурд метавонанд аз беэътиноӣ ба эҳсосоти онҳо сар зананд. Агар шахси наздик интизориҳои шуморо иҷро накунад, камбудиашро бубахшед, ягон кас беайб нест! Камбудиҳои гузаштаи пӯшида ошкор мешаванд, бинобар ин, ислоҳи хатоҳоро ба таъхир нагузоред. Ҳолати саломатии шумо метавонад боиси нигаронӣ шавад, кӯшиш кунед, ки фишори ҷисмонӣ ва равониро коҳиш диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД