arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 24-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2025
1755

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Сардӣ дар муносибатҳои ошиқона муваққатист, оташи муҳаббат дубора авҷ мегирад. Вале эҳтиёт шавед, ки фиреб нахӯред. Пайваста дар бораи дӯстдоштаатон фикр карда, аз корҳои ҳаррӯза дур мешавед. Имкони даромади пулӣ вуҷуд дорад. Беҳтараш як қисми маблағро барои худ захира намоед, рӯзҳои наздик ба шумо пули калон даркор мешавад. Аз наздикон дар корҳои шахсӣ маслиҳат напурсед ва аз хӯрдани хӯрокҳои равғанин худдорӣ намоед.

Савр (21 апрел-21 май)

Барои онҳое, ки муҳаббатро дар дили худ эҳсос мекунанд, рӯзи ором аст. Имрӯз шумо майли суҳбатҳои самимӣ ва мулоқоти ошиқона доред. Ба ҳар кор бо боварӣ ва шавқи зиёд даст мезанед. Пулҳои ночизе ба дасти шумо мерасад, ки метавонед барои хурсандии шахсӣ сарф намоед. Ба машқҳои ҷисмонӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунед, он рӯҳия ва табъатонро беҳтар мегардонад.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз фурсати хубест барои суҳбати самимӣ бо ҳамсар. Аммо эҳтимол дорад, ки баръакс ҳамсаратонро озурда созед. Дар хона рӯйдодҳои номатлуб сар мезананд: ҷанҷоли ногаҳонӣ ё вайроншавии асбобҳои техникӣ дар назар аст. Барои баромадан аз муҳити дилгиркунанда, ҳатто агар масраф ҳам дошта бошад, худатонро шод гардонед. Барои саломатӣ аз ташхиси пурраи тиббӣ гузаред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз ба хотири бо шахси азиз будану суҳбати самимӣ доштан, аз бисёр корҳои муҳими худ даст кашиданатон лозим меояд. Дар муносибат бо одамон эҳтиёткор бошед, дар ҷанҷоли дигарон бетараф бошед. Имрӯз корҳои мураккабро ба фардо гузоред ва аз боздиди супермаркетҳо худдорӣ намоед, дар акси ҳол, хароҷот зиёд мешавад.

Асад (23 июл-23 август)

Вақте расидааст, ки ба дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётӣ фаҳмонед, ки шумо ҳам инсон ҳастед ва дил доред. Кӯшиш намоед эҳсосотро идора кунед, то атрофиёнро наранҷонед. Аз қарз гирифтан парҳез кунед, маблағҳои дар даст доштаатонро оқилона истифода намоед. Ба садои дили худ гӯш диҳед ва аз таҷрибаҳои ногувор сабақ гиред. Имшаб шояд хоб наравед, вале ин муваққатист.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Шахсе, ки вақтҳои охир бо ӯ ихтилоф доштед, метавонад имрӯз тамос гирад. Ин тамос муносибатҳои минбаъдаи шуморо рӯшан хоҳад кард. Беҳтараш ҳамдигарфаҳмӣ кунед, асабатонро харобу саломатиатонро вайрон накунед. Имрӯз барои шиносоӣ бо одамони нав ва ҳалли масъалаҳо бо идораҳо рӯзи муносиб аст. Аз фишори баланди хун эҳтиёт шавед ва пурхӯрӣ накунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз шумо таваҷҷуҳи шахсеро, ки муддате ба даст овардан мехостед, ҷалб мекунед. Аммо эҳтимоли оғози муносибати ошиқона кам аст. Шомро бо ҳамсар, наздикон ё дӯстони самимӣ гузаронед, онҳо табъатонро болида месозанд. Аз нафароне, ки гирифтори зуком шудаанд, худро канор гиред. Дар акси ҳол бемориро вазнин мегузаронед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои онҳое, ки дӯстдошта доранд, эҳтимоли сар задани нофаҳмиҳо вуҷуд дорад. Маълумоти ҷолибе метавонад аз шумо пинҳон бошад. Тамоми диққати худро ба кор ва рушди касбӣ равона кунед. Ҳоло фурсате воқеӣ барои пешрафт доред. Эҳтимоли заҳролудшавӣ ё аллергия аз маҳсулоти пастсифат вуҷуд дорад. Доруҳоро бо эҳтиёт истифода баред ва аз миқдори тавсияшуда зиёд қабул накунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Серкории шумо сабаби қаҳри дӯстдоштаатон мегардад. Барои он ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад, меҳрубониро фаромӯш накунед. Ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқӣ эҳтиёт бошед. Фаъолияти ҷисмониро кам кунед. Шиноварӣ, гимнастика ва пиёдагардӣ барои шумо муфид хоҳанд буд. Барои наздикони худ маблағро дареғ надоред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар бо ҳамсаратон ба меҳмонӣ равед, ба ӯ диққати кофӣ диҳед. Манфиатҳои оиларо дар ҷои аввал гузоред. Кӯшиш кунед, ки муносибатҳоро ба тартиб дароред ва ҳамдигарфаҳмиро барқарор кунед. Шумо ба мавзуъ ё фаъолияте, ки ба шумо шавқовар аст, наздик мешавед. Эҳтимоли мушкилоти буғумҳо вуҷуд дорад. Аз худтабобат худдорӣ кунед! Усулҳои халқӣ самаранок нахоҳанд буд ва метавонанд зарар расонанд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ҳаёти шахсӣ мумкин аст ихтилофҳо аз ҳеҷ чиз сар зананд. Аммо шумо метавонед аз ин пешгирӣ кунед. Шумо дарк мекунед, ки ба суханони шарикатон аҳамияти зиёд додан лозим нест. Такаббури шумо метавонад ба худатон зарар расонад. Онҳое, ки меҳнат мекунанд ва бо сабр фурсати муносибро интизоранд, ба дастовардҳои молиявӣ мерасанд. Аз пешниҳоди кори иловагӣ, ки ба шумо дар рӯзҳои наздик пешниҳод мешавад, худдорӣ накунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Агар шумо дар муносибат нестед, ба атрофиён диққат диҳед, эҳтимол аст, ки шахси махсус дар наздикии шумост! Аз гирифтани корҳое, ки наметавонед бо масъулият иҷро кунед, худдорӣ кунед. Субҳ эҳтимоли дарди сабуки чашм вуҷуд дорад, ки то нисфирӯзӣ мегузарад. Кӯшиш кунед, ки аз истифодаи доруҳо худдорӣ кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД