Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2023
2543

                           Ҳамал

Дар ин рӯз ҳалли корҳоятонро ба таъхир мегузоред ё бо дахолати шумо корҳо ақиб мемонанд. Роҳи дурусти ягона айни замон ташаббусро ба даст гирифтану кори имрӯзаро ба фардо нагузоштан аст. Қувваву нерӯи зиёдро сарф карданатон лозим меояд. Танқидро нисбати худ қабул кунед.

 

Савр

Имрӯзро рӯзи тақдирсоз номидан номумкин аст. Вақти корӣ ва озоди худро гуногунранг созед, ба умеди касе нашавед, уҳдадориҳоятонро худатон иҷро намоед. Нафароне, ки бо замин сарукор доранд, барояшон рӯзи бобарор аст. Дар хоб шунидани акоси саг аз он далолат медиҳад, ки шумо ба хатогӣ роҳ дода истодаед.

Ҷавзо

Рӯзи душвор аст. Муошират ва робитаҳо дилатонро аз шарикони корӣ сард месозад. Эҳтимол бо дӯстон муноқиша мекунед ё хабари ногувор шунида, табъатон хира мегардад. Гирифтори асабхаробӣ шуданатон дар назар аст. Ошиқон муноқиша мекунанд. Эҳсосоти худро идора кардану ислоҳ намудани камбудиҳоятонро омӯзед.

Саратон

Ҳарчанд тағйиротҳои ҷиддӣ рух надиҳанд ҳам, ба танбалӣ роҳ надиҳед. Муносибат бо наздиконатон ба шарте хуб ҷараён мегирад, ки шумо гузашт кардану бо шартҳои онҳо розӣ шуда тавонед. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ рӯзи мусоид аст. Саломатиро дар ҷойи аввал гузоред.

Асад

Рӯзи душвор аст, барор ҳар лаҳза аз шумо рӯ тофта метавонад. Дар рафъи ҳама гуна мушкилӣ нерӯи зиёд сарф мекунед. Аз вохӯрӣ бо сардор ё нафарони воломақом худдорӣ намоед, аз баҳсу суҳбатҳои нодаркор дурӣ ҷӯед. Нафаре ба ҳолати молиявии шумо таъсири манфӣ мерасонад.

Сунбула

Рӯзи душвор аст. Аз муноқиша бо наздикон худдорӣ намоед. Эҳсосоти худро идора кардан душвор мегардад. Агар гумон кунед, ки рафторатон дуруст аст, ғалат мекунед. Вазъи саломатиятон яку якбора душвор гашта, табъатон нохуш ва ҳатто ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор мешавед.

Мизон

Рӯзи душвор, ваъдаҳои дурӯғ, умедҳои барбодрафта имкон доранд. Ҳама гуна фаъолияти тиҷоратӣ ҳисороти пулӣ меорад. Фориғболӣ нисбати кор сади роҳи расидан ба муваффақият мегардад. Ба рафтори беандеша ва амалҳои хатарнок даст назанед. Ба гапи калонсолон ва нафарони ботаҷриба гӯш диҳед.

 

Ақраб

Рӯзи ором аст. Ба хабарҳои ногувор нигоҳ накарда, муносибатҳоятонро бо атрофиён дуруст ба роҳ монда, вазъи молиявиро беҳтар месозед. Муваффақияти шумо аз сабру таҳаммул ва оқилона рафъ намудани мушкилиҳоятон вобастагӣ дорад. Аз ҷониби наздикон муҳаббату эҳтиром мебинед.

 

 

Қавс

Рӯзи душвор аст. Дар ҳама кор боэҳтиёту ҳушёр буданатон лозим меояд, вазъият тавре сурат мегирад, ки шумо интизор набудед. Дар масъалаҳои молиявӣ имкониятҳои худро ба назар гиред. Дар ин рӯз нақшаву ниятҳоятон амалӣ намешаванд. Навигариҳои зиндагии худро ба нафаре, ки дӯстатон нест, нақл накунед.

 

Қавс

Рӯзи душвор аст. Нерӯи ҳаётиятон дар сатҳи баланд қарор дорад, вале ниятҳоятон амалӣ нашуда, бо атрофиён забон ёфта наметавонед. Агар эҳсос намоед, ки ҳамсуҳбататон бо шумо ошкоро гап намезанад, ба ӯ фишор наоред. Нафароне, ки бемориҳои роҳи нафас доранд, нӯшокиҳои сард истеъмол карданро тавсия намедиҳем.

 

Далв

Имрӯз барои харид кардану таъмири хона мусоид аст. Қобилиятҳои ташкилотчигии худро ба кор бурда, ба вазъият мутобиқ гашта, бо истодагарӣ ба мақсад расида метавонед. Обрӯву нуфузатон нисбатан боло рафта, аз роҳи тайнамудаи худ қаноатманд мегардед.

 

Ҳут

Вазъияти ногуворе, ки имрӯз пайдо мешавад, бо шахси дӯстдоштаатон алоқамандӣ дорад. Шумо нисбати ёратон бепарвоӣ зоҳир намуда, боиси ранҷиданаш мегардед. Кӯшиши гузашт кардану бо ҳам созиш карданро намоед. Эҳтимоли фаромӯшхотир ва парешон гаштанатон вуҷуд дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД