Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ба садои қалби худ гӯш андозед, хусусан дар робита бо нафароне, ки ба асабатон мерасанд, ба як қарори муайн омаданатон лозим аст. Айни замон дӯстро аз душман фарқ карданатон осон мегардад. Кӯшиш намоед, ки пул қарз надиҳед, вагарна пули худро рӯзҳои наздик гирифта наметавонед. Эҳтимоли сар задани баъзе мушкилиҳои молиявӣ вуҷуд дорад.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз ягон санҷиши ҷиддӣ ва комёбии назаррас дида намешавад. Диққати худро ба масъалаҳое равона созед, ки ба осонӣ рафъ мегарданд, ба камбудиҳои дигар нодида назар намоед. Нимаи дуюми ҳафта ба корҳои шахсони бегона бинӣ нахалонед. Эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ бо ҳамкорон ва роҳбарият вуҷуд дорад.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Рӯзи хубест барои кори ақлонӣ ва эҷодкорӣ. Нафароне, ки нияти аз худ намудани касбу ҳунари навро доранд ё забон омӯхтан мехоҳанд, аз ҳамин рӯз сар карда, аз пайи омӯзиш шуданатон лозим аст. Хариду фурӯши хона бобарор анҷом меёбад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз бо истироҳати фаъол, сафару саёҳат ё тамошои манзараҳои дилфиреби диёрамон машғул шудан боиси оромии асабҳо ва истироҳати бофароғати шумо мегардад. Нафароне, ки бо рафъ намудани мушкилоти ҳуқуқӣ машғул мешаванд, дучори монеае намегарданд.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Дар ин рӯз кори наверо оғоз карданатон хуб нест. Агар ягон коратон барор нагирад, беҳтараш онро ба таъхир гузоред. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта хеле хубу гуворо ҷорӣ мегарданд. Шиносоии нав табъатонро болида мегардонад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ҷодаи касбӣ ҳамаи коратон аз рӯйи реҷа ҷорӣ мегардад. Диққати бештари худро ба саломатӣ равона созед. Дар ҷодаи муҳаббат танҳо хабарҳои хуш ва тағйиротҳои ғайриоддӣ рух медиҳанд. Ба нафаре, ки баъди нисфирӯзӣ аз шумо қарз мепурсад, пул надиҳед.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Айни замон дар касбу коратон тағйиротҳо рух медиҳанд. Дар ҷодаи муҳаббат нисбати ёратон меҳру муҳаббати беандоза эҳсос мекунед. Баъзе нафарони муҷаррад муҳаббати худро пайдо месозанд. Саломатиро эҳтиёт кунед, аз пурхӯрӣ ва кори вазнин худдорӣ намоед.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз корҳоеро ба нақша гиред, ки муддати дароз аз уҳдааш намебаромадед. Агар нафаре аз шумо кӯмаку маслиҳат пурсад, ҷавоби рад надиҳед, албата аз рӯйи имкону вазъият амал намоед. Аз сарфи маблағи зиёд худдорӣ намоед. Қарз гирифтану қарз доданро маслиҳат намедиҳем.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Айни замон дар шоҳроҳи зиндагиятон имтиҳоне пеш меояд, ки ҳатман аз он гузаштанатон лозим аст. Минбаъд ҳама чиз аз худи шумо вобастагӣ дорад. Аз одамоне, ки ба одамгарияшон дилпур нестед, кӯмак напурсед ва ба касе чизеро ваъда надиҳед, ба гумон аст, ки аз уҳдааш бароед.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Ба шарте рӯзи бобарор мешавад, ки бо наздикони худ баҳсу мунозира накунед. Бо корҳои муфиди ҷамъиятӣ ё коре машғул шавед, ки бароятон эҳсоси қаноатмандӣ бахшида тавонанд. Эҳтимоли бо ошиқи пешина оштӣ шуданатон вуҷуд дорад. Рӯзи хубест барои тахт намудани ҳуҷҷатҳо.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Имрӯз қувваву нерӯи зиёдеро эҳсос мекунед, аз ин рӯ, вақти пурқимати худро ба корҳое равона созед, ки чанд муддат дар иҷро карданашон душворӣ мекашидед. Корҳоятон барор мегиранд. Рӯзи хубест барои харид кардану ба бозору мағоза рафтан.
Ҳут (21 феврал- 20-март)
Дар ин рӯз қувваи зиёди ҷисмонӣ ва равониятон сарф мегардад. Ба ҳар ҳодисае, ки дар ин рӯз рух медиҳад, чун ба имтиҳон назар кунед. Айни замон бо мушкили худ ба роҳбарият муроҷиат карданатон лозим нест. Дар лаҳзаҳои бекорӣ бо корҳое машғул шавед, ки табъатонро хуш ва аз ташвишҳо берун сохта метавонанд.