Ҳамал
Дар ин рӯз на танҳо аз баъзеҳо ҷудо шуданатон лозим меояд, боз тарки баъзе одатҳо мекунед. Агар росткору ҷасур бошед, бурд мекунед. Барои меҳнати хуб мукофотпулӣ ва аз сардор таъриф мешунавед. Муносибатҳои оилавиатон хубанд, вале саломатиро эҳтиёт кунед.
Савр
Барои бо таъмири пурра машғул шудан ва ба хонаи дигар кӯчиданатон рӯзи мусоид аст. Ҳангоми ҷустуҷӯи манбаи нави даромад бояд ҳунару маҳорати худро нишон дода тавонед. Муваффақият насиби нафаре мегардад, ки дар танҳоӣ амал кардан намеҳаросад. Кӯмаку дастгирии дӯстонро қадр намоед.
Ҷавзо
Дар ин рӯз бо хешовандони ҳамсаратон на танҳо баҳс мекунед, балки ҷанҷоли сахт мекунед. Дар масъалаҳои пулӣ ва мушкилоти рӯзгор худро ба даст гиред. Ҳангоми сафар дар нақлиёт боэҳтиёт бошед. Хатари ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст.
Саратон
Агар шумо фарзанд дошта бошед, бо тарбияву нигоҳубини онҳо машғул шавед. Робита бо аъзоёни хурдакаки оила на танҳо хотиратонро шод, балки дунёятонро рангин месозад. Пешравӣ дар кор, пешниҳодҳои нав ва вохӯриҳои муҳим имкон доранд.
Асад
Дар ин рӯз аз бекорӣ зиқ мешавед. Нисфирӯзи фавран ба сафар баромаданатон лозим меояд, ки нақшаҳоятонро тағйир медиҳад. Робитаро бо баъзеҳо қатъ карданатон лозим меояд, вагарна ба нобарориҳо дучор мегардед. Агар буғумдард дошта бошед, фавран аз пайи табобат шавед.
Сунбула
Дар ҷодаи касбу кор ягон тағйироту навигарӣ рух намедиҳад. Тамоми ҳодисаҳо муқаррарӣ ҷараён ёфта, ҳатто ба назар якрангу бемаънӣ менамоянд. Агар имкони пайдо кардани даромади иловагиро дошта бошед, ҳатман истифода баред.
Мизон
Муҳаббати ногаҳонӣ ҳаётатонро дар ин рӯз ба куллӣ тағйир медиҳад. Аз чунин ошиқ шуданатон дар ҳайрат мемонед. Барои ба мағоза рафтану дилхушӣ бо дӯстон рӯзи хуб аст. Хуб мебуд, ки қаблан қарзҳоятонро баргардонида, супоридани андозро фаромӯш накунед.
Ақраб
Ақрабро аз кору таҳсил ва ҷамъоварии маълумот дур сохтан душвор аст. Барои ояндаи худ ва пешравии касбу кор шумо ба ҳама кор қодир ҳастед. Вохӯрии тақдирсоз ақрабро комилан тағйир медиҳад. Сару либоси худро нав карда, ба кошонаи ҳусн равед.
Қавс
Дар ин рӯз ба кору дар муносибат бо одамон рӯякӣ рафтор мекунед. Шуморо дар сабукфикриву бепарвоӣ гунаҳкор месозанд, ки беадолатона аст. Ҳар чизе, ки аз дӯстатон фаҳмидед, ба касе нагӯед. Хабаркашии шумо боиси сардшавии муносибатҳоятон мегардад, аз ин лиҳоз забонатонро нигоҳ доред.
Ҷаддӣ
Дар фаъолияти чандинсолаи худ муваффақияти калон ба даст меоред. Вазъи молиявиатон олиҷаноб мегардад, вале дар муносибатҳои шахсӣ аз ҷониби дӯстдоштаатон танқиду киноя мешунавед. Агар ба ҳама ҳодисаҳо бо зарофат нигаред, муносибатҳоятонро аз парокандагӣ нигоҳ медоред. Пасту баландшавии фишори хун имкон дорад.
Далв
Имрӯз чунон ба андеша фурӯ меравед, ки атрофиёнатон ба ҳайрат меоянд. Қалбатон тираву ғамгин мегардад. Сабаб дар ҷудо шудан аз шахси наздикатон аст. Ба маъракаи муҳиме даъватӣ мешавед, онро рад накунед, зеро ояндаатон аз ҳамин маҳфил вобастагӣ дорад.
Ҳут
Дар ин рӯз эҳсосоти зиёди худро идора карда наметавонед. Рӯзи хубест барои сафарҳои кориву ҷаласаҳо. Агар имкони пешравиро аз даст диҳед, мушкиливу нобарориҳои зиёде ба саратон меоянд. Бегоҳирӯзӣ дар ҳавои тоза сайругашт карда ором мегардед.