Commerc banl
Пешгирии хуруҷи бемориҳои илтиҳобӣ дар фасли баҳор
25.03.2026
Oila.tj
59

Ҳавои баҳорӣ фиребанда аст, субҳ офтобак лабханд мезанад, вале пас аз чанд соат метавонад борони сел борида, дар як дам касро сар то по тар созад. Махсусан одамоне, ки иммунитеташон паст аст, дар чунин ҳолатҳо зуд шамол кашида, ба осонӣ ба зуком ва дигар бемориҳои илтиҳобӣ гирифтор мешаванд.

Кас метавонад дар кӯча ё нақлиёти ҷамъиятӣ низ аз роҳгузарон вирус ва микробҳоро “туҳфа” гирифта, бемор шавад.

Барои пешгирӣ чӣ бояд кард?

Усули пешгирӣ хеле сода аст, кӯшиш кунед, ки аз хоб сер шавед, худро аз стресс ва асабоният дур нигоҳ доред, аз шахсони ба зуком гирифтор эҳтиёт бошед, дастонатонро тез-тез бо собун шӯед ва албатта бештар меваю сабзавоти тару тоза истеъмол намуда, системаи муҳофизатии организми худ - иммунитетатонро баланд бардоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД