Commerc banl
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ МАРТИ СОЛИ 2026
903

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ба ҳисси ботинии худ бештар бовар кунед. Агар ба сухани дигарон кӯркӯрона пайравӣ намоед, эҳтимоли баҳсу нофаҳмӣ зиёд мешавад. Муносибат бо шахси дӯстдошта хуб мегузарад, аммо саросемагӣ метавонад фазоро вайрон кунад. Дар ҷоqи кор аз танқиди роҳбарият худдорӣ намоед. Барои бознигарии нақшаҳои молиявӣ вақти муносиб аст. Аз кори вазнин, шамолхӯрӣ ва фаъолиятҳои зиёди ҷисмонӣ худдорӣ кунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз рӯҳияи болои шумо метавонад диққати одамонро ҷалб кунад. Эҳтиёт бошед, ки касе аз содагии шумо ба манфиати худ истифода набарад. Ба аёдати хешовандон рафтан ё бо онҳо суҳбат кардан ба шумо хушҳолӣ мебахшад. Нимаи аввали рӯз барор меорад ва ҳатто кумак ё фоидаи ғайричашмдошт имкон дорад. Ба фикри ҳамкорон гӯш диҳед. Аз захмҳои хурди хонагӣ ва беэҳтиётӣ эҳтиёт кунед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз нерӯ ва рӯҳияи болои шумо ба ҳама аён мешавад. Атрофиён аз фаъолият ва хушбинӣ илҳом мегиранд. Бо вуҷуди ин, дар муносибат бо наздикон баъзе нофаҳмиҳо пайдо шуданаш мумкин аст. Кӯшиш кунед масъалаҳоро бо оромӣ ҳал кунед. Нақшаҳои рӯзро пешакӣ тартиб диҳед. Аз кори аз ҳад зиёд ва хастагии ҷисмонӣ худдорӣ кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Бегоҳи имрӯз барои мулоқоти ошиқона ё шиносоии нав хеле мувофиқ аст. Шумо метавонед қарорҳои ҷиддиро мустақилона қабул кунед, вале ба маслиҳати аҳли хонадон низ гӯш диҳед. Дӯстону наздикон ба шумо рӯҳияи хуб мебахшанд. Имрӯз имкони гирифтани пешниҳоди ҷолиби молиявӣ вуҷуд дорад. Пас аз кори зиёд пойҳоро истироҳат диҳед ва каме ба саломатӣ аҳамият диҳед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз дар муносибат бо шахси дӯстдошта фазои гарму меҳрубонӣ ҳукмфармо мешавад. Кӯшиш кунед ба эҳсосоти ӯ бештар диққат диҳед, то баҳс ба миён наояд. Дар нимаи дуюми рӯз корҳои хона зиёд мешаванд, бинобар ин аз наздикон кумак пурсед. Эҳтимол ба зудӣ бо шахси нав шинос шавед, ки дар зиндагии шумо нақши муҳим мебозад. Аз кори вазнин ва хастагии зиёд худдорӣ намоед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз ҷаззобияти шумо бештар шуда, диққати одамонро ҷалб мекунед. Аз ин рӯз лаззат баред ва ба муносибати худ гармӣ бахшед. Шумо метавонед одамони дигарро ба нақшаҳои иқтисодии худ ҷалб кунед. Аммо аз муоширати зиёд бо роҳбарон худдорӣ намоед. Агар асабоният зиёд шавад, бештар истироҳат кунед.

Мизон (23 сентябр-23 октябр)

Имрӯз барои сюрприз ва лаҳзаҳои ошиқона бо шахси дӯстдошта рӯзи хуб аст. Каме эҷодкорӣ нишон диҳед, то муносибатҳо гармтар гарданд. Шумо имрӯз хеле фаъол мешавед, вале кӯшиш кунед худро аз ҳад зиёд хаста накунед. Дар кор мумкин аст ҳуҷҷатҳои муҳим имзо кунед. Пеш аз имзо кардан онҳоро бодиққат хонед. Барои саломатӣ машқи сабук, фитнес ё шиноварӣ муфид хоҳад буд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ба наздикӣ барои нафарони танҳо шиносоии ошиқона имконпазир мешавад. Агар ба андешаҳои наздикон бо эҳтиром муносибат кунед, обрӯи шумо дар оила бештар мегардад. Бо вуҷуди ин, суханҳои бадхоҳон метавонанд рӯҳияи шуморо каме вайрон кунанд. Кӯшиш кунед ором бошед. Хариди калонро ба рӯзи дигар гузоред. Агар худро бад ҳис кунед, ба саломатӣ беэътиноӣ накунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Талаботи аз ҳад зиёд нисбати одамон метавонад боис гардад, ки шахси муносибро аз ҳаёти худ дур созед. Кӯшиш кунед каме мулоимтар бошед. Ранҷишҳои кӯҳна метавонанд рӯй зананд, бинобар ин барои фаҳмиши якдигар сабр лозим мешавад. Дар ҷои кор баъзе ҳамкорон метавонанд монеа эҷод кунанд. Нимаи аввали рӯз барои харид ва сармоягузорӣ хуб аст, вале шом аз хароҷоти молӣ худдорӣ намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз эҳтимол мушкиле пайдо шавад, ки онро интизор набудед. Бо шиносҳои нав каме эҳтиёткор бошед, ба ҳама зуд бовар накунед. Баъзе тағйирот дар хона ё тартиби зиндагӣ метавонад ба шумо рӯҳияи нав бахшад. Дар кор имкони бастани созишҳои муфид вуҷуд дорад. Аммо дар нимаи дуюми рӯз монеаҳо пайдо мешаванд. Барои харидани чизе бо нархи арзон имкони хуб пайдо мешавад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Одамони танҳо дар суҳбат бо шахси писандида метавонанд каме шармгин бошанд. Аммо идеяҳои эҷодии шумо диққати дигаронро ҷалб мекунад. Дар зиндагии оилавӣ оромӣ ҳукмфармо мешавад ва ин барои шумо беҳтар аст. Имрӯз бояд ба рӯйдодҳо бодиққат назар кунед ва ба тағйирот дуруст вокуниш диҳед. Дар кор баъзе душвориҳо имкон доранд. Барои саломатӣ аз одатҳои бад даст кашидан муфид хоҳад буд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар муносибат ба шахси дӯстдошта бовар кунед, вале ба хаёлот аз ҳад зиёд дода нашавед. Агар танҳо бошед, метавонед бо ҷаззобияти худ диққати дигаронро ҷалб кунед. Агар дар оила нофаҳмӣ бошад, бо суҳбати самимӣ онро ҳал кардан мумкин аст. Имрӯз беҳтараш қувваи худро дуруст ҳисоб кунед ва аз кори аз ҳад зиёд худдорӣ намоед. Барои саломатӣ хӯроки сабук ва солим интихоб кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД