Commerc banl
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ МАРТИ СОЛИ 2026
960

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз нармгуфтору мулоим бошед. Агар хоҳед бо ҳар роҳ фикри худро исбот кунед, беҳтараш каме сабр намоед, зеро ин рӯз барои баҳс мувофиқ нест. Эҳтимол хабаре мешунавед, ки метавонад ба тарзи зиндагии шумо таъсир расонад. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед. Субҳ эҳтимоли дарди сар вуҷуд дорад, вале то нисфирӯзӣ мегузарад. Нимаи дуюми рӯзро барои истироҳат ва барқарор кардани нерӯ истифода баред.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз дар муносибат бо атрофиён эътимод ва эҳтиром нақши муҳим мебозад. Пеш аз қабули қарорҳои муҳим, махсусан хариди гарон, бо наздикон машварат кунед, то аз нофаҳмиҳо ҷилавгирӣ шавад. Шояд пеши шумо масъалае пайдо гардад, ки тасмими ҷиддиро талаб мекунад. Агар ба кумаки молӣ ниёз дошта бошед, наздикон дастгирӣ мекунанд. Қоидаҳои беҳдоштро фаромӯш накунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз барои муҷаррадони ин мучал имкони вохӯрии ҷолиб пайдо мешавад ва эҳтимол муносибати ошиқона ба осонӣ оғоз гардад. Рӯз барои анҷом додани корҳои муҳими дерина, таъмир ё тозакории хона низ хеле мувофиқ аст. Дар ҷои кор эҳтимол нофаҳмӣ бо ҳамкорон пеш ояд, бинобар ин кӯшиш кунед оромона ва бо далел сухан гӯед. Ба наздикӣ заҳмати шумо қадр мешавад ва имкони беҳтар шудани вазъи молиявӣ пайдо мегардад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз барои шиносоии нав ва муносибатҳои ошиқона мусоид аст. Аммо шитоб накунед ва пеш аз қабули қарор хуб андеша кунед. Дар зиндагии оилавӣ давраи ором фаро мерасад ва ихтилофҳои пешина тадриҷан аз байн мераванд. Эҳтимол дар ояндаи наздик масъалаи иваз кардани ҷойи кор пеш ояд. Хабари хуш он аст, ки ба зудӣ гирифтани маблағи ғайричашмдошт имкон дорад.

Асад (23 июл-23 август)

Дар муносибатҳои ошиқона низ тағйироти хуб эҳтимол дорад. Агар мушкил дошта бошед, онро аз наздикон пинҳон накунед, зеро онҳо омодаанд ба шумо ёрӣ расонанд. Имрӯз имкони амалӣ кардани баъзе нақшаҳои дерина пайдо мешавад. Барои соҳибкорон ин давра барои пардохти қарз ё ҷалби сармоягузорӣ низ мусоид аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Шиносоии ҷолиб метавонад дар дили шумо эҳсосоти нав бедор кунад ва ба муносибати ошиқона роҳ кушояд. Аммо талаботи аз ҳад зиёди шумо метавонад атрофиёнро нороҳат созад. Агар ба ҳадаф расидан хоҳед, фаъол бошед ва фикри худро озодона баён кунед. Вақте мустақилона қарор қабул мекунед, зиндагӣ тадриҷан беҳтар мешавад. Танҳо кӯшиш кунед худро аз ҳад зиёд хаста накунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз вақти хубест, ки ба шахси дӯстдошта меҳру таваҷҷуҳи бештар нишон диҳед. Барои ӯ сюрпризи хурд омода кунед ё ҳатто як зиёфати оддии романтикӣ ташкил намоед. Ин амал метавонад муносибатҳои шуморо боз ҳам гармтар кунад. Кӯшиш кунед корҳои худро пешакӣ ба нақша гиред, то ҳам ба кор ва ҳам ба истироҳат вақт ёбед. Дар кор заҳмат кашидан лозим мешавад, вале натиҷа шуморо ноумед намекунад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз барои иҷрои корҳои дастаҷамъона ва ҳамкорӣ бо дигарон рӯзи мувофиқ аст. Кори якҷоя муносибатҳоро мустаҳкам карда, натиҷаҳои хуб меорад. Беҳтараш ба корҳое машғул шавед, ки бе душворӣ пеш мераванд. Дар ҳолати зарурат наздикон ҳатман ба шумо кӯмак мерасонанд. Ба андешаҳои нав кушода бошед, зеро онҳо метавонанд кори шуморо беҳтар намоянд. Дар ғизо низ эҳтиёткор бошед, то аз мушкилоти меъда пешгирӣ кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар масъалаҳои ошиқона шояд посухи дилхоҳ нагиред. Беҳтараш ба мантиқ такя карда, бо таҷрибаи худ амал намоед. Барои пешрафт дар кор ташаббус нишон диҳед ва роҳҳои мустаҳкам кардани мавқеи худро ҷустуҷӯ кунед. Кӯшиш кунед дар ҷойҳои серодам камтар бошед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз мулоқоти ошиқона метавонад хеле гуворо ва хотирмон гузарад. Барои шахсони танҳо иштирок дар ҷамъомад ё чорабиниҳои ҷамъиятӣ метавонад ба шиносоии нав оварда расонад. Дар муошират бо фарзандон ва калонсолон сабру таҳаммул нишон диҳед, то аз баҳсҳои нолозим канорагирӣ намоед. Дар кор вазъият хуб пеш меравад ва ҳатто имзои шартномаи судманд имкон дорад. Ин рӯз барои омӯзиши донишҳои нав низ мувофиқ аст.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар зиндагии оилавӣ эҳтимол баъзе нофаҳмиҳо ба миён оянд, махсусан вобаста ба фарзандон ё хешовандон. Супорише, ки имрӯз роҳбар медиҳад, метавонад барои пешрафти касбии шумо аҳамияти калон дошта бошад. Нимаи дуюми рӯз нерӯи бештар пайдо карда, метавонед баъзе орзуҳои деринаатонро амалӣ намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Шиносоии нав метавонад эҳсосоти шуморо тоза карда, ба зиндагӣ ранги дигар бахшад. Барои шиносоии нав кушода бошед ва ба ҳисси қалби худ бовар кунед. Рӯз барои мустаҳкам кардани муносибатҳои дӯстона ва хешутаборӣ хеле мувофиқ аст. Дар корҳои тиҷоратӣ ва имзои шартномаҳо муваффақият эҳтимол дорад. Бо вуҷуди ин, беҳтараш аз хариди гарон ва муомилаҳои бузурги молиявӣ худдорӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД