arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2022
3217
no-img

 

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки на танҳо нерӯ, балки ҷасорат пайдо намуда, орзуву ниятҳои худро иброз намоед. Ҳангоми сахт асабонӣ шудан нафаси чуқур кашед. Фикру андешаҳои мағшуш ва нодаркорро аз сар дур созед. Нафарони муҷаррад дар интихоби ҳамсафари ҳаётӣ хато намекунанд.

Савр (21 апрел-22 май)

Агар шумо аз ҳад зиёд дар ҳама кор истодагарӣ кардан гиред, робитаи худро бо нафарони даркорӣ канда месозед. Кӯшиш намоед, ки якравии худро дар муносибатҳои ошиқона ва шахси наздикатон нишон надиҳед. Сафару саёҳатҳо барои нафароне, ки дар рухсатӣ ҳастанд хеле гуворо сурат мегирад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Бо сабаби он ки заҳмати зиёд кашида, маоши кам мегиред, хеле асабонӣ мешавед. Дар ин рӯз атрофиён ба назаратон дурӯя менамоянд. Саросема шуда, сари ин масъала бо касе ҷангу ҷанҷол накунед. Беҳтараш фикри саломатиро карда, сари вақт хӯрок истеъмол намоед. Дар акси ҳол эҳтимоли бемор шудани меъдаатон дар назар аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз дасту дилатон барои кореро ба анҷом додан пеш намеравад. Рафту нафаре ба шумо дар ягон масъала маслиҳат диҳад, пушаймон мешавад. Ба нафароне, ки нисбати шумо дағалӣ мекунанд, бо дағалӣ ҷавоб надиҳед. Нафарони эҷодкор кори хубу сердаромад пайдо мекунанд.

Асад (23 июл-23 август)

Барои он ки муносибати худро бо наздикон хуб ба роҳ монед, бояд хеле сабур бошед. Рафту оромиро нигоҳ дошта натавонед, ҳатман бо нафаре муноқиша карданатон имконпазир аст. Кор ба ҷое мерасад, ки бо дахолати шумо наздиконатон моҷаро карда метавонанд. Аз ин рӯ, хеле эҳтиёткор бошед. Хариди бисёр карданро тавсия намедиҳем.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Барои нафароне, ки дар хонаи худ бо таъмир машғул шудан мехоҳанд, рӯзи олиҷаноб аст. Шиносоиҳои нав давомдор набошанд ҳам, аз худ ёддоштҳои ширин боқӣ мегузорад. Дар ин рӯз бештар бо ҳамфикрони худ дар робита бошед. Ҳангоми харид кардан ба нарху навои маҳсулот неву ба сифати он диққат диҳед,

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Зодагони мучали мизон барои он ки ҳунару маҳорати худро нишон диҳанд, заҳмати зиёд кашиданашон лозим меояд. Нафаре аз наздикон аз шумо сахт меранҷад. Ҷанҷол бо ҳодисае вобастагӣ дорад, ки солҳои пеш рух додагӣ буд. Агар дар ин рӯз танбалӣ кунед, пагоҳ сахт пушаймон мешавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи бобарор ва пур аз рӯйдодҳои ширину гуворо аст. Мушкилотатон яке паи дигар ба осонӣ рафъ гардида, табъатон хеле болида мегардад. Нафаре ки аз шумо қарз гирифта буд, пулро бармегардонад. Ба мағозаву бозор рафтанро тавсия намедиҳем, вагарна пулро барои чизҳои нодаркор сарф мекунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи хубест барои амалӣ сохтани нақшаву ниятҳо, қабули меҳмон ва ба меҳмонӣ рафтан. Азбаски дар ин шабу рӯз маблағи зиёд сарф кардан намехоҳед, беҳтараш аз хона набароед. Нафарони муҷаррад бояд хислату рафтори худро тағйир диҳанд, вагарна то охири умр танҳо монданашон имконпазир аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз нафарони зиёде аз шумо маслиҳату дастгирӣ мехоҳанд. Новобаста аз ҳодисаҳое, ки дар атрофатон рух медиҳад, оромиро аз даст намедиҳед. Тамоми рӯз дар бораи чӣ гуна ба даст овардани маблағи пулӣ зиёд фикр накунед, беҳтараш диққати худро ба ягон кори хурсандиовар ҷалб созед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз ба нафаре, ки қалбу дилатонро ба даст овардан мехоҳад, зиддият нишон надиҳед. Бо ҳамсафари ҳаётӣ эҳтимоли  муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Агар моҷаро кардан нахоҳед, ба ҳама гапу кор сабру тоқат кунед. Яку якбора аз пайи анҷом додани чанд кор нашавед, вагарна аз по меафтед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба ҳар гапу маълумоте, ки мешунавед, бовар накунед. Эҳтимол дубора ба нафаре ошиқ мешавед, ки кайҳо боз якдигарро надидаед. Дӯсти деринатон бо занги ногаҳонӣ хотиратонро шод месозад. Дар масъалаи саломатӣ низ баъзе мушкилиҳоро ҳал мекунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД