Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2021
2389

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз таъмири хона, харидани асбобҳои техникӣ ва либоси навро маслиҳат намедиҳем. Аз шамол хӯрдан эҳтиёт шавед. Аз робитаи нодаркор худдорӣ намуда, пул қарз нагиред ва бо дӯстон масъалаҳои молиявиро ҳаллу фасл накунед. Нафароне, ки бо дӯстдоштаашон қаҳрӣ буданд, оштӣ мешаванд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Аз робита бо ҳамкорон ё роҳбарият дурӣ ҷӯед. Уҳдадориҳоятон зиёд гашта, қуввати зиёдатонро мегиранд ё маблағи пулиро аз даст медиҳед. Дар муносибатҳои ошиқона беҳбудӣ дида мешавад, вале хабари ногаҳонӣ боиси он мегардад, ки дӯстдоштаи худро фаромӯш мекунед. Даромади хуби пулӣ эҳтимол дорад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз маслиҳат ва миёнаравии дӯстон, дастгирии нафарони воломақом айни муддао мегардад. Эҳтимол, бо ишқи деринаатон вомехӯред. Ба зихнагӣ роҳ надиҳед, вагарна даромади пулии ночиз ба даст меоред. Саломатии худро фаромӯш накунед, асабонияти пайваста ба саломатиатон зарар мерасонад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз уҳдадориҳои навро ба дӯш нагиред. Корҳои муҳим боиси он мегарданд, ки шахси дӯстдоштаро фаромӯш мекунед. Даромади иловагӣ имкон дорад, вале табъатон худ ба худ тағйир ёфта, эҳтимоли бо шахси дӯстдошта муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Бо нафарони ношинос суҳбат накунед.

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи душвор аст. Имкониятҳои худро ба назар гирифта амал кунед, аз робитаҳо худдорӣ намоед. Эҳтимоли сарфи беҳудаи пул вуҷуд дорад, бо сабабҳои бароятон номаълум имкони ба даст овардани маблағи хубро аз даст медиҳед. Бегоҳирӯзӣ бо нафаре аз хешовандон ё аъзоёни оила муноқиша имкон дорад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз бо фикру андешаҳои худ дар танҳоӣ ва оромӣ будан мехоҳед. Рӯзи хубест барои ба анҷом расонидани корҳои ба таъхирмонда. Хобҳоятон амалӣ мешаванд, қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед, аз ин рӯ, бо амри дил амал кунед. Барои изҳори муҳаббат рӯзи бобарор аст.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи мушкил аст. Ба маслиҳату миёнаравии дӯстон, дастгирии нафарони воломақом умед набандед, эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Аз ҳад зиёд дил бастан ба ширинӣ боиси фарбеҳ шуданатон мегардад. Меҳрубониву дилёбии шумо ба дӯстдоштаатон пару бол мебахшад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз аз натиҷаи кори дирӯзаи худ қаноатманд намегардед. Эҳтимол, нақшаву ниятҳоятон оид ба истироҳат амалӣ намешаванд. Бо наздикони худ ошкоро бошед. Дар масъалаҳои пулӣ сарфакор шавед. Банду буғумҳои худро аз ҷароҳат бардоштан эҳтиёт кунед. Дар муносибатҳои ошиқона навигарӣ дида намешавад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз аз сафар кардану робита бо нафарони ношинос худдорӣ намоед. Фориғболӣ нисбати саломатӣ боиси асабхаробӣ ё бемории дигар мегардад. Агар нияти бо нафари воломақом шинос шуданро дошта бошед, корро имрӯз ба анҷом расонед. Бемориҳои пайдошударо бо худтабобаткунӣ рафъ карда наметавонед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз кор ва вохӯриҳои корӣ қувваи зиёдатонро талаб мекунанд. Босабру таҳаммул бошед, зеро мушкилиҳои молиявӣ сар мезананд. Меҳнатдӯстӣ ва иродаи мустаҳкаматон ҳодисаҳои манфии рӯзро кам месозанд. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб мегардед, вале зуд ҳолатон хуб мегардад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи бобарор аст, мушкилиҳои молиявӣ бобарор анҷом меёбанд. Сафару саёҳатҳо бобарор мешаванд. Ба мушкилиҳои ночиз диққат додану хавотир шуданро маслиҳат намедиҳем. Либоси нав харидан ва ба назди табиби дандонпизишк рафтанатон хуб нест. Эҳтимоли бо зане муноқиша карданатон вуҷуд дорад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз эҳтимоли фаромӯшхотир шудану ба фориғболӣ роҳ доданатон вуҷуд дорад. Бемор шуданатон имконпазир аст. Барои табобат ба мутахассисони ботаҷриба муроҷиат кунед. Табобатро ба таъхир нагузоред, беморӣ худ ба худ рафъ намегардад. Бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД