Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 13-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2021
3971

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳамалҳое, ки ба тиҷорат машғуланд, имрӯз аз шарикони кории худ фоидаи хуб ба даст меоранд. Баъди шом каме нотоб шуда, табатон баланд мешавад. Ба таҳлука наафтед ва воҳима низ накунед. Сабаби нотобии шумо серкорӣ ва хасташавии зиёд гуфта мешавад, на ягон бемории дигар.  

Савр (21 апрел-20 май)

Агар обрӯву эътибори худро аз даст додан нахоҳед, бо нафарони бадкору бадкирдор ҳамнишинӣ накунед. Хусусан, дар давоми рӯз ба куллӣ аз чунин афрод дурӣ биҷӯед. Барои сафари роҳи дур рӯзи мусоид аст. Хатари ҷиддие таҳдид намекунад ва сафаратон бобарор анҷом хоҳад ёфт.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз хариди дирӯз кардаатон қаноатманд мешавед, вале ин хурсандии шумо дер давом намекунад. Баъди андак фурсат аз хариди кардаи худ пушаймон мешавед. Хуб мешавад, ки ин одати худро тарк кунед. Ҳодисае, ки бо сабаби ҳамсояҳо сар мезанад, шуморо ошуфтахотир ва асабиву хашмгин мекунад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз занҳо худро нороҳат ҳис карда, камқувват ва рӯҳафтода мешаванд. Дар чунин вазъият онҳо ба нимаи дувуми худ сахт эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Нафарони серкор бояд вақти худро дуруст тақсим кунанд, зеро вохӯриву нишастҳо аз ҳарвақта зиёдтар мешаванд. Шом хабари хуш мешунавед.

Асад (23 июл-22 август)

Асадҳое, ки аз нафаре қарздоранду қарзашонро то ҳол барнагардонидаанд, дар ин рӯз дучори мушкилӣ мешаванд. Барои барқарор кардани саломатии худу наздиконатон андаке маблағ сарф карданатон лозим меояд. Барои ошиқон рӯзи бобарор буда, маъракаи ақди никоҳ ё тӯй дар назар аст.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз шуморо душвориҳои зиёд интизоранд ва барои рафъи онҳо андешаву рафтори оқилона лозим аст. Мушкилиҳои оилавӣ то дер хотима намеёбанд, беҳуда кӯшиш накунед. Агар хоҳед, ки моҷаро калонтар нашавад, дар баъзе ҳолатҳо гузашт карда, моҷароҷӯёнро бо суханҳои хуш ором созед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мизонҳое, ки ба тиҷорат машғуланд, дар ин рӯз фоидаи калон ба даст меоранд. Дар ин ҳолат як қисми фоидаи худро ба кори хайре сарф кунед, ишколе надорад. Ба хурӯҷ намудани бемориҳои музмин иҷозат надиҳеду сари вақт ғизои дуруст тановул кунед. Аз шамолхӯрии гурдаҳо низ эҳтиёт шавед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ҳодисаҳое, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, боиси саргардониҳои зиёд шуда метавонанд. Яке аз ҳамкоронатон бо суханҳои беандешаву бадхоҳонааш ба иззати нафси шумо мерасад. Агар ба маслиҳати ситораҳо гӯш диҳед, беҳтараш муносибати худро бо нафаре вайрон накунед ва ба созиш омаданро омӯзед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Давоми рӯз дар ҳаёти қавсҳо ҳодисаҳои ногаҳонӣ рух медиҳанд. Дастгириву эътимоди ҳамкорон дар ҷои кор ва тиҷорат шуморо ба кор дилгармтар мекунад. Мутаассифона, нақшаеро, ки дербоз тарҳрезӣ мекардед, бо сабаби танбаливу фориғболиатон амалӣ намешавад. Ин одати бадро аз худ дур созед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз мушкилиҳое, ки ба сари шумо меоянд, ба зане алоқамандӣ доранд. Ин зан яке аз наздикони шумост, ки ғаму дардашро бо шумо қисмат кардан мехоҳад. Давоми рӯз мардҳо бо занҳо забон ёфта наметавонанд. Якравию истодагариатон боиси нофаҳмиҳои зиёд шуда метавонад. Шом ба хонаатон меҳмон меояд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз бо вуҷуди он ки асабҳоятон харобу табъатон хира аст, кӯшиш намоед, ки бо нафаре муноқиша накунед. Давоми рӯз пули зиёд харҷ мекунед ё нафаре бо мушкилоти молиявӣ ба шумо муроҷиат мекунад. Аз хотир набароред, ки асабхаробӣ ба саломатӣ зарари ҷиддӣ расонида метавонад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз аз рафтори дағалонаву нафратангези атрофиён ба шӯр меоед. Бо чанд нафаре, ки бо кӯмаки шумо мушкилоти худро ҳал кардан мехоҳанд, даст ба гиребон мешавед. Барои нафароне, ки дар ҷустуҷӯи кори иловагӣ буданд, рӯзи бобарор аст. Асабҳои худро эҳтиёт кунед ва ба хасташавӣ роҳ надиҳед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД