Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ба маслиҳати дӯстони дерин гӯш надиҳед. Эҳтимол нафаре дар фикри пешпо додани шумо аст. Рӯзи хубест барои баргузор намудани ҷаласаву вохӯриҳои ошиқона ва сафарҳои кутоҳмуддат. Қариби бегоҳирӯзӣ бо нафаре вомехӯред, ки нисбаташ нафрат доред. Нафарони оиладор нисбати ҳамсафари ҳаётӣ бодиққат буданашон лозим аст ё бо туҳфае хотири шарики умри худро шод гардонед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз нафаре аз шумо маслиҳат ё кӯмак мепурсад. Ин шахс роҳбар ё ҳамсояатон аст, ки ҷавоби рад дода наметавонед. Баъзе нақшаҳоятон амалӣ намешаванд. Вазъияро ба хости дили худ тағйир доданро омӯзед. Бо атрофиён бештар дар робита бошед. Нафароне ки дар ин рӯз имтиҳон месупоранду ё гуфтушунидҳои корӣ доранд, муваффақ мегарданд.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Аксари зодагони мучали ҷавзо дар ин рӯз парвои онро надоранд, ки бо амалу кирдори худ ба атрофиён зарар мерасонанд. Чунин якравӣ ба ғайр аз мушкилоти зиёд овардан, боз сабабгори ранҷиши нафаре мегардад. Рӯз ором мегузарад ва натиҷаи нек медиҳад, ба шарте ки нақшаи амалҳои худро тартиб диҳед. Бо ҳар сабаби ночиз руҳафтода нашавед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Барои зодагони мучали саратон рӯзи пур аз навгониҳои гуворо аст. Тағйиротҳои судманд рӯзона рух медиҳанд. Эҳтимол роҳбар ё ҳамкоре, ки ба шумо писанд набуд, аз кор хориҷ мегардад. Дар муносибатҳои ошиқона тағйироти бузург дида намешавад. Нафарони оиладор дучори рашки ҳамсафари ҳаётӣ мегарданд. Худро ба даст гирифта, инҷиқӣ накунед ва ҳангоми сари қарори муҳиме омадан шитоб накунед.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Зодагони мучали асад дар ин рӯз туҳфаи қиматбаҳо гирифта метавонанд. Эҳтимол нафаре аз калонсолони оила ё ҳамсафари ҳаётӣ шуморо шод кардан мехоҳад. Ба ғайр аз ин дигар рӯйдоди хуше рух намедиҳад. Якрангӣ зиёд аст, ба корҳое баргаштанатон лозим меояд, ки пурра анҷомёфта мешуморидед. Нафароне, ки ҷои кор надоранд, дар масъалаҳои камбудии рӯзгор ташвиши зиёд мекашанд.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, дар ин рӯз ба ҳар коре даст мезананд, муваффақ мегарданд. Нафарони ошиқ дучори дудилагӣ мегарданд. Оиладорон нисбати муҳаббату садоқати ёри худ шубҳа пайдо мекунанд. Ба ҳа коре, ки даст мезанед, ба садои қалб гӯш надиҳед. Баъди шом баъзе зодагони мучали сунбула ба маслиҳати равонӣ ё суҳбати дӯстон ниёз пайдо мекунанд.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз худхоҳии худро нишон надиҳед. Хусусан агар дар коллективи калон фаъолият мекарда бошед. Ба танбаливу руҳафтодагӣ роҳ надиҳед. Нафарони муҷаррадро муносибатҳои пурҷӯши ошиқона интизор аст. Обрӯву нуфузи худро баланд бардошта метавонед.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Рӯзи душвор аст, масъалаҳои мушкилро ҳал карданатон лозим меояд. Истодагарӣ ва ҳадафрасӣ шуморо ба мақсад мерасонад. Ҳамзамон муноқишае, ки чанд муддат тул кашида буд, дар ин рӯз рафъ мегардад. Машрубот ва маҳсулоти гӯштӣ ба саломатиятон зарар расонида метавонад. Нафарони муҷаррад ба шахсе ошиқ мешаванд, ки оқибаташ пушаймонӣ аст.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Дар ин рӯз танқиду эроди ҳамкоронро тоқат карда наметавонед, хусусан танқиди беадолатона асабатонро хароб месозанд. Ҳама гуна кинояву хурдагирӣ нисбати шумо боиси муноқиша мегардад. Агар шумо мошини шахсӣ дошта бошед, қабл аз сафар онро таъмир намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Агар аз субҳи содиқ роҳи дурустро интихоб намоед, рӯзи бобарор насибатон мегардад. То корҳои худро ба анҷом нарасонед, ором шуда наметавонед. Дақиқкор бошед, ба вохӯриҳо таъхир накунед ва ба танбалӣ роҳ надиҳед. Агар қарзи худро суроғ намоед, кисаатон пур аз пул мешавад.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Рӯзи хубест барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ ва ба даст овардани даромади пулӣ. Аз нафаре хабари хуш мешунавед, ки сахт писандаш ҳастед. Ӯро дилмонда насозед, ботарбия будани худро нишон диҳед. Сафари роҳи дур бобарор анҷом меёбад, вале хароҷотро калон накунед.
Ҳут (21 феврал- 20-март)