Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2021
3835

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳар коре, ки аз дирӯз барои имрӯз боқӣ монда буд, то охири рӯз ҳалли худро меёбад. Аз оне ки дигарон андешаи худро нисбати шумо кушоду равшан баён мекунанд, наҳаросед. Дили нафареро ба даст меоред, ки дербоз дӯсташ медоштед. Хотири ӯро бо туҳфаи гаронбаҳое шод намоед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Саврҳоро лозим аст, ки имрӯз ба сухани касе гӯш надиҳанд, зеро баъзе нафарон монеи корҳои шумо шуда метавонанд. Нафароне, ки нуқтаи назари шуморо тағйир додан мехоҳанд, ба мақсад намерасанд. Дар нимароҳ суръатро суст накарда, барои расидан ба ҳадафҳои хеш бо хоҳиши том талош кунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Ситораҳо мегӯянд, ки дар ин рӯз нафарони бегонаро ба корҳои худ ҳамроҳ накунед. Вақти он расидааст, ки қарорҳои муҳимро қабул кунед, то зиндагии худро тағйир дода тавонед. Бахт ба рӯйи шумо механдад, ба шарте ки ниятҳои баду ғаразнокро аз сари худ дур кунед. Охири рӯз даромади иловагӣ шуморо интизор аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Вақти он расидааст, ки корҳои ба таъхир гузоштаатонро дар ин рӯз ба анҷом расонед. Ҳангоми ҳалли масъалаҳои корӣ ба маслиҳати ҳамкасбони ботаҷриба гӯш диҳед. Ба онҳое, ки қаблан шуморо фиреб карда буданд, дубора бовар накунед. Барои ошиқон рӯзи бобарор аст. Зиёдтар об нӯшед, то организматон тоза шавад.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар масъалаҳои муҳими корӣ фикри ҳамаро ба инобат бигиред. Қарорҳои ғайричашмдошт қабул карда метавонед, зеро вақташ фаро расидааст. Кӯшиш накунед, ки аз рақиби худ зирактар бошед, танҳо ба худ диққат диҳеду халос. Ба маслиҳати дӯстони наздик ниёз пайдо мекунед ва онҳо низ барои кӯмак омодаанд.   

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз қувваатонро на барои намоиш, балки барои ҳадафҳои созанда сарф намоед. Агар табъатон хира бошад, онро ба касе нишон надиҳед. Шитобкорӣ накунед, вагарна ба иштибоҳ роҳ медиҳед. Ғамхор буданатон хислати хуб аст, аммо бодиққат буданро ҳаргиз фаромӯш насозед, зеро на ҳама ба қадри ғамхорӣ мерасанд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки агар мушкилиҳои оилавиро сари вақт ҳал карда натавонед, онҳо ҷиддитару мушкилтар хоҳанд шуд. Ба гузаштаи худ такя накарда, балки барои ояндаи дурахшон кор кунед. Дӯстдоштаатон ба шумо кори ҷолибтареро пешниҳод мекунад. Бе дудилагӣ қабул карда метавонед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ақрабҳо метавонанд, ки нафаси озод бикашанд, зеро ягон мулоқоту музокирти тақдирсоз дар назар нест. Ба баҳсҳои беҳуда роҳ надиҳед, хусусан, агар мавзӯи баҳс ба шумо дахл надошта бошад. Нисбати саломатии худ бетарафӣ зоҳир накунед. Занҳо ба кошонаи ҳусн мераванду мардҳо ба бозору мағоза.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ситораҳо дар ин рӯз пешгӯӣ мекунанд, ки ҳалли масъалаҳои муҳимро ё ба таъхир мегузоред ё онҳоро нафарони дигар ҳаллу фасл мекунанд. Бо онҳое, ки ҳуқуқ ва салоҳияти бештар доранд, баҳс накунед, зеро нерӯҳо нобаробар хоҳанд буд. Барои ошиқон давраи хубу муносиб аст. Вохӯриҳои ошиқона олиҷаноб мегузаранд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҷаддиҳои мағрурро дар ин рӯз мушкилиҳои зиёд дар пеш аст. Агар нияти ба қуллаи мурод расиданро дошта бошед, пас муносибатҳои худро таҳти назорат бигиред ва нагузоред, ки аз чорчӯба берун бароянд. Фитнаагезии бадхоҳон дар ин рӯз истисно нест, аз ин рӯ, бо нафарони бегона муошират накунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз эҳсоси худро таҳти назорат бигиред ва бо садои баланд гуфтугӯ накунед. Эҳтимол, садои шуморо нафароне мешунаванд, ки аз онҳо хубиро интизор шудан ғайриимкон аст. Даврае фаро расидааст, ки аз гумроҳӣ азоб мекашед ва дар дилатон тарсу шубҳаҳои зиёд пайдо мешаванд. Хавотир нашавед, ин давра муваққатист.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки қарорҳоро аз пеши худ қабул кардан гиред. Агар ба сухани нафаре гӯш кунед, иштибоҳ хоҳед кард. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат ҳутҳоро сюрпризҳои ғайричашмдошт интизор аст. Муҳимтар аз ҳама самимӣ буданро фаромӯш насозед. Шом ба хонаатон меҳмон меояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД