Ҳар сол баробари фаро расидани моҳи шарифи Рамазон савдогарҳо нарху наворо якбора ба осмони ҳафтум мебардоранд. Лутфан бигӯед, ки ҷазои чунин нафарон чист?
Сафарбек, ш. Ҳисор
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Дар моҳи Рамазон мардуми мусулмон набояд дар болои молашон фоиз гузоранд ва нархро гарон кунанд, балки бояд аз сари фоидаҳояшон ҳам бигзаранд. Хоҳанд, ки савоби даҳчанд аз моҳи Рамазон бардоранд, тоҷирон бояд молро бо ҳамон нархе, ки мегиранд, фурӯшанд ва ба камбағалу нодору ятиму барҷомондагон хайру садақа кунанд. Касе, ки дар ин моҳ нархро баланд карда, барои мардум вазнинӣ эҷод мекунад, раҳму инсоф надорад.