Commerc banl
Тоҷирон дар моҳи шарифи Рамазон ба инсоф даъват карда шуданд
19.02.2026
Oila.tj
150

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе навишт, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи баракат, хайру сахо ва фурсате барои анҷом додани амалҳои савоб ба шумор меравад. Дар ин моҳи муборак ҳар як шахс талош менамояд, то ба мардум нафъ расонад ва бо корҳои нек саҳми худро дар таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ гузорад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, мутаассифона, дар баробари ин, баъзе шаҳрвандони фурсатталаб бо мақсади ба даст овардани манфиати молӣ аз ниёзмандии мардум истифода намуда, нархи маҳсулоти хӯроквориро беасос боло мебаранд. Чунин амалҳо на танҳо хилофи меъёрҳои ахлоқии ҷомеа, балки мухолиф ба арзишҳои диниву инсонист.

Вобаста ба ин, кормандони милитсияи пойтахт дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ваколатдор бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал санҷишҳои мақсаднок ва корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ менамоянд.

- Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз ҳамаи тоҷирон, соҳибкорон ва таъминкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ даъват карда мешавад, ки ҳангоми фаъолияти тиҷоратӣ инсофро пеша намуда, мувозинати нархи молу маҳсулотро нигоҳ доранд ва ба гаронии сунъии нархҳо роҳ надиҳанд. Дар акси ҳол, нисбати чунин афроди қонуншикан тибқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои дахлдор табиқ мегардад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД